30-юми январи соли 2025 дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2024, бо иштироки роҳбарияти Вазорат ва намояндагони васоити ахбори омма, аз ҷумла, шабакаҳои телевизионии «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», «ВВС», «МИР», АМИТ «Ховар», агентиҳои иттилоотии «Азия Плюс», «Рейтерс», «ТАСС», «Авеста», «Интерфакс», рӯзномаю маљаллањои «Ҷумҳурият», «Садои Мардум», «Халқ Овозӣ», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Минбари халқ», «СССР», «Истиқлол», «Дайджест пресс», «Дунё», «Љомеа», «Инсон ва қонун», радиоҳои «Тоҷикистон», «Садои Душанбе», «Ховар», «Овози Тоҷик», «Радиои бурунмарзӣ», «Озодӣ» ва сомонаҳои «radiotoj.tj», «Oila.tj» ва «Dialog.tj» баргузор гардид.
Дар рафти нишасти матбуотӣ мавзуъҳои расидан ба истиқлоли энергетикӣ, таъмини устувори неруи барқ, фаъолияти неругоҳҳои барқи обии мамлакат, содироти неруи барқ ба хориҷи кишвар, лоиҳаҳои бахши энергетика, аз ҷумла «CASA-1000», Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, вазъи истихроҷи маҳсулоти нафтӣ, газ, воридоти маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ ва дигар масъалаҳои соҳа бозтоб шуданд.