
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон мекунад.
- Сардори раёсати истихроҷ, коркард ва таъминоти нафту газ;
- Мутахассиси пешбари раёсати муносибатҳои байналмилалӣ;
- Мутахассиси пешбари раёсати иқтисод ва дурнамо;
- Мутахассиси пешбари раёсати ҳуқуқ;
- Мутахассиси пешбари раёсати ҳуқуқ;
- Мутахассиси пешбари шуъбаи коргузорӣ ва назорат;
- Мутахассиси пешбари шуъбаи коргузорӣ ва назорат;
- Мутахассиси пешбари бахши котибот;
- Мутахассиси раёсати сиёсати энергетикӣ ва захираҳои об, рушди илму техника;
- Мутахассиси раёсати электроэнергетика;
- Мутахассиси раёсати захираҳои об;
- Мутахассиси раёсати муносибатҳои байналмилалӣ;
- Мутахассиси раёсати ҳуқуқ.
Шаҳрвандоне, ки хоҳиши дар озмун иштирок карданро доранд, ҳуҷҷатҳои зеринро ба Бахши кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорат (кўчаи Шамсӣ 5/1) пешниҳод намоянд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомот;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (акси рангаи 3х4, ва 4х6, 4 дона); тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки агар шахс собиқаи меҳнатӣ надошта бошад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии (шакли 038УЕ);
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
- эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ;
- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
- маълумотнома оиди доғи судӣ;
- маълумотнома аз ҷои истиқомат.
Эзоҳ: талабот барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ:
– сардори раёсат 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– сармутахассис 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– мутахассиси пешбар 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забони руссӣ ҳатмӣ ва донистани дигар забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.
Музди меҳнати заминавӣ:
Сардори раёсат – 4629 сомонӣ, сармутахассис – 2320 сомонӣ, мутахассиси пешбар – 1890 сомонӣ, мутахассис – 1554 сомонӣ муайян гардидааст.
Довталабон маълумоти иловагиро метавонанд аз сомонаи mewr.tj ва телефони 235-97-68 гиранд.
Саволнома барои иштирокчиёни озмун!