1-уми феврали соли 2025, Душанбе. – Дар Муассисиаи давлатии «Боғи фарҳангию фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ»-и шаҳри Душанбе «Ҷашни Сада ва намоиш-фурӯши ниҳолу тухмии зироатҳои кишоварзӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдулло, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон, роҳбарону намояндагони вазоратҳо, кумитаҳо, агентиҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, муассисаву ташкилотҳои зерсохтори вазорати кишоварзӣ, раёсатҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, кишоварзон ва меҳмонону сокинони пойтахт иштирок намуданд.
Дар баробари дигар вазорату идораҳо Гӯшаи намоишии Вазорати энергетика ва захираҳои об низ ташкил гардид. Дар он корхонаву муассисаҳои соҳаи энергетика – ҶСК «Барқи Тоҷик», ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ», ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ», Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи Тоҷикистон, ҶСП «Ноқили Турсунзода» ва корхонаи «Имод»-и ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» дастоварҳои худро ба намоиш гузоштанд.
Дар охири чорабинӣ Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъолона ва саҳмгузорӣ дар ташкили ва баргузории Ҷашни Сада бо Сипоснома қадр карда шуд.