ИНТИХОБОТ – РУКНИ МУҲИМИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД

6-уми феврали соли 2024, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, таъмин намудани интихоботи шаффоф ва фароҳам овардани шароит барои иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, ки тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 2-юми марти соли ҷорӣ таъин шудааст, вохӯрии коршиносони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Вазорат доир гашт.

Чорабиниро Далер Абдуразоқзода, сардори Сарраёсати сиёсати энергетика ва захираҳои оби Вазорат, ифтитоҳ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки баргузории интихоботи шаффофу демократӣ яке аз рукнҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд буда, таъмини иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар ин раванд омили муҳим барои пешрафти ҷомеаи мо мебошад.

Дар идома коршиносони КМИР Ҳусниддин Саидов ва Умед Муродзода доир ба мавзуъҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот ва фарҳанги интихоботӣ сухан ронда, ба иштирок иттилооти фарогир ва муфидро дар бораи тартибу қоидаҳои баргузории интихобот, инчунин, масъулияти шаҳрвандон барои таъмини шаффофият ва адолати ин маъракаи муҳими сиёсӣ манзур карданд.

Дар фароварди чорабинӣ коршиносон ба саволҳои аз ҷониби кормандон манзур шуда, ҷавобҳои муфассалу мушаххас пешниҳод намуданд.