ЗЕРИСТГОҲИ БАРҚИИ «НАВ»: АЗ МУШКИЛОТ ТО ҲАЛЛИ ОН

Зеристгоҳи барқии 220/110/10 кВ-и «Нав»-и шаҳри Душанбе, ки яке аз иншоотҳои муҳими барқтаъминкунандаи пойтахт ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди аҳамияти стратегӣ доштани ин зеристгоҳ, бо сабаби сербории шабака санаҳои 19-ум ва 31-уми декабри соли 2024 дар он садамаҳои технологӣ ба амал омаданд, ки боиси қатъ гардидани кори муътадили шабака ва халалдор шудани таъмини барқи сокинони пойтахт гардид.
Бо мақсади ҳалли мушкилот ва пешгирӣ аз такрори чунин ҳолатҳо, аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» чораҳои фаврӣ андешида шуда, дар муддати 14 рӯз дар зеристгоҳ автотрансформатори иқтидораш 125 МВА ва таҷҳизоти ҳимояи релегӣ васлу насб гардид. Ин тадбир имкон дод, ки серборӣ дар автотрансформаторҳои мавҷудаи АТ-1 ва АТ-2 коҳиш ёфта, фаъолияти онҳо ба ҳолати муътадил баргардонида шавад. Яъне, эътимоднокии таъминоти барқ дар минтақаи хизматрасонии зеристгоҳ куллан беҳтар гашт.
Заҳматҳои мутахассисони ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» новобаста аз вазъи обу ҳаво имконият фароҳам оварданд, ки аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ бо барқи устувор таъмин шуда, сатҳи эътимоднокии кори системаи энергетикӣ баланд бардошта шавад.