РОШТҚАЛЪА. ҚАДАМҲОИ УСТУВОРИ НОҲИЯ ДАР РОҲИ ПЕШРАФТ

Ноҳияи Роштқалъа яке аз гӯшаҳои зебоманзари мамлакат буда, дар фазои орому осудаи кишвар рӯ ба пешравиҳои тоза дорад. Бо қомат афрохтани биноҳои баландошёна, боғу гулгаштҳо ва иншооти нави замонавӣ дар маркази ноҳия ва деҳоти дуру наздики он симои ноҳия куллан дигар гашта, таваҷҷуҳи ҳар бинандаро ба худ мекашад.
Ҳоло бошад, дар ноҳия ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагии ҷиддӣ ҷараён дорад.
Лашкар Сафарзода, раиси ноҳия, дар суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” суханро аз омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ оғоз намуда, гуфт, ки барои сазовор истиқбол гирифтани ин Ҷашни фархунда сокинони меҳнатдӯсти ноҳия бо дасту дили гарм дар ободонии диёр саҳми назаррас мегузоранд. Тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ин Ҷашн дар ноҳия таъмиру бунёди 206 иншоот ба нақша гирифта шуда, то ин давра 105 иншоот бунёд гардид, ки 51 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Дар доираи нақшаи чорабиниҳо, инчунин, НБО “Себзор” сохта шуда истодааст, ки маблағи лоиҳавиаш 684 миллион сомониро ташкил дода, ба ҳолати имрӯза ба маблағи бештар аз 265 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом ёфтаанд. Инчунин, кор дар 60 иншооти дигар, ба монанди сохтмони бинои хонаҳои истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ дар маркази ноҳия, сохтмони табобатхонаи марказӣ ва касалиҳои сироятӣ, тарабхонаҳои хусусӣ ва як қатор иншооти дигар дар ҷамоатҳои деҳот идома дорад. Дар умум, хароҷоти лоиҳавии сохтмони ин иншоотҳо 806315,8 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Роштқалъа барои солҳои 2021-2025 амалишавии 92 лоиҳаро ба маблағи 222294 миллион сомонӣ пешбинӣ менамояд. Ҷиҳати самаранок татбиқ кардани ин лоиҳаҳо аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, аз ҷумла аз буҷети ҷумҳуриявӣ 52060 ҳазор сомонӣ, вилоятӣ 1050 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби буҷети ноҳиявӣ 300 ҳазор сомонӣ равона мегардад.
МИМҲД ноҳия ба мақсади омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нақшаи чорабиниҳоро аз 206 банд тартиб дод, ки иҷрои 153 банди он ба солҳои 2022-2024 ва 103 банд ба маблағи бештар аз 134 миллион сомонӣ ба солҳои оянда рост меояд. Дар 34 иншоот ба маблағи беш аз 320 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Раиси ноҳия иброз дошт, ки дар доираи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат МИМҲД ноҳия ба рушди соҳаи саноат, бахусус бунёди коргоҳҳову корхонаҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави кор, таваҷҷуҳи бештар равона месозад. Соли рафта дар ноҳия ҳафт корхонаи саноатӣ бунёд ёфта, аз ин ҳисоб 40 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.
Дар ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ мунтазам афзоиш ёфта, аз 2,6 миллион сомонии соли 2000-ум ба 4,4 миллион сомонӣ дар соли 2023 расид. Соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27 фоиз афзуд.
Ба гуфтаи раиси ноҳия, то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия 8 корхонаи саноатии дигар ба фаъолият шуруъ хоҳанд кард.
Роштқалъа ноҳияи аграрӣ буда, қисми зиёди сокинони он ба кишоварзӣ машғуланд. Имрӯз 99 дарсади замини ҳудуди ноҳия дар дасти халқ аст ва мардум ба замин ҳамчун соҳибмулк муносибат дорад. Дар ноҳия 33 хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ва 6 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият менамоянд.
Соли гузашта кишоварзони ноҳия дар майдони 7,9 ҳазор гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ анҷом дода, ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд.
Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи амалигардонии барномаҳои давлатӣ кишоварзони ноҳия ба пешравиҳои зиёде ноил гардиданд. Ҳукумати кишвар, Вазорати кишоварзӣ тибқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ҳар сол парки техникаву механизмҳои кишоварзиро бо механизму олотҳои нави кишоварзӣ таъмин менамоянд. Ислоҳоти кулли соҳа, ба талаботи иқтисоди бозорӣ мутобиқ кардани он ба зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти чорво, сабзавоту картошка, беҳтар гардидани вазъи молиявӣ ва баланд шудани сатҳи зиндагии сокинони деҳот мусоидат намуд.
Соли сипаригашта дар соҳаҳои бахши иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф тандурустӣ ва фарҳанг, пешравиҳои зиёд рӯи кор омаданд. Дар маркази ноҳия бинои нави мактаб барои 1280 нафар хонанда мавриди истифода қарор гирифт. Шогирдони муассисаҳои таълимии ноҳия дар озмунҳои сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, олимпиадаҳои фаннӣ бомуваффақият баромад намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Чунин пешравиҳо дар соҳаи тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ низ ба даст омаданд. Раиси ноҳия изҳори боварӣ намуд, ки ноҳия ба шарофати меҳнати аҳлонаи сокинони банангу номуси он солҳои минбаъда низ дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагӣ ба музаффариятҳои бештар ноил мегардад. Таъкид шуд, ки соли равон ташрифи навбатии Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия дар назар аст ва ин рӯйдоди муҳим боз як такони ҷиддие ба бунёдкориву созандагӣ ва пешрафти ноҳия мегардад. Аз ҷумла, дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашнгирии сазовори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҳудуди ноҳия бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон НБО “Себзор” бо иқтидори 11 МВт ба истифода дода мешавад. Бунёди ин иншооти муҳим ба дастуру супориши Пешвои миллат рабт дошта, соли 2015 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохтмони он хишти аввал гузошта буданд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
04.02.2025 №: 27