
12-уми феврали соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Роҳбари бахши ҳамкориҳои Дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе хонум Изабел Уриз Эрнандес мулоқот намуд.
Дар меҳвари суҳбати ҷонибҳо маҷмуи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика ва захираҳои об қарор гирифт.
Зикр гашт, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ, ба татбиқи лоиҳаҳои бузург дар соҳаи энергетика таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Дар ин замина, аҳамияти тақвияти ҳамкориҳо дар самти амалӣ намудани лоиҳаҳои соҳаи энергетика, аз љумла самаранокии энергия ва рушди манбаҳои барқароршавандаи энергия, коҳиш додани талафоти неруи барқ, таъкид гардид.
Бо қаноатмандӣ иброз гашт, ки муносибатҳои дуҷониба минбаъд низ густариш ва тақвият хоҳад ёфт.