ҶАЛАСАИ ДУЮМИ ГУРӮҲИ КОРИИ МУШТАРАК ОИД БА МАНБАЪҲОИ БАРҚАРОРШАВАНДАИ ЭНЕРГИЯ БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА ҲИНДУСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД

18-уми феврали соли 2025, Душанбе. – Ҳайати Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазир Шарифа Худобахш дар Ҷаласаи дуюми Гурӯҳи кории муштарак оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон, ки тариқи маҷозӣ баргузор шуд, иштирок намуд.

Дар кори мулоқот ҳайати ҳиндустонӣ таҳти роҳбарии Лалит Бохра, котиби муштараки Вазорати нав ва неруи барқароршаванда, ширкат варзида, масъалаҳои густариши ҳамкориҳо ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро дар соҳаи энергетика, аз ҷумла манбаъҳои барқароршавандаи энергия мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо иқтидорњои энергетикии кишварҳои худро муаррифӣ намуда, ҷиҳати муайян намудани самтҳои ҳамкориҳои минбаъда бо дарназардошти таҷрибаи бойи Ҳиндустон дар самти неруҳои барқароршавандаи энергия табодули афкор намуданд.

Изҳори итминон карда шуд, ки фаъолияти Гурӯҳи кории муштарак дар оянда тақвият ёфта, заминаи мусоидро барои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба фароҳам меоварад.