БАРРАСИИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН ДАР СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА

19-уми феврали соли 2025, Теҳрон. – Дар идомаи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири неруи Эрон Аббос Алиабодӣ ва роҳбарияти Гурӯҳи «Фароб» ва ширкати «Сангоб»-и ин кишвар вохӯрӣ анҷом дод. 

Дар меҳвари суҳбати ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» қарор гирифт.