
19-уми феврали соли 2025, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати Вазорат ва ширкатҳои энергетикии кишвар таҳти роҳбарии муовини вазири энергетика ва захираҳои об Манучеҳр Сафарзода бо намояндагони ширкати «Carpi»-и Ҷумҳурии Фаронса баргузор гардид.
Зимни мулоқот намояндагони ширкати «Carpi» рӯнамои фаъолияти ширкатро пешниҳод намуда, доир ба иқтидор, таҷрибаи байналмилалӣ ва лоиҳаҳои амалинамудаи он, бахусус дар самти бунёди сарбандҳои неругоҳҳои барқи обӣ дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон, маълумот доданд.
Дар ҷараёни муколамаи ҷонибҳо намояндагони ширкати «Carpi» омодагии худро барои иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаи энергетикаи кишвар баён доштанд. Аз ҷумла, ширкати мазкур ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Зарафшон изҳори ҳавасамандӣ намуд.