
19-уми феврали соли 2025, Теҳрон. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар идомаи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон бо вазири нафти ин кишвар Муҳсин Покнажод, мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши нафту газ, ҷалби сармоя ба ин соҳа, инчунин таҳвили нафти хом аз Ҷумҳурии Исломии Эрон барои эҳтиёҷоти корхонаҳои коркарди нафти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди нархҳои имтиёзнок мубодилаи афкор намуданд.
Дар идома масъалаи табодули таҷриба миёни мутахассисони ду кишвар ва омӯзиши чоҳҳои нафтугаздори Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.