МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – ОМИЛИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

20-уми феврали соли 2025, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Манучеҳр Сафарзода, муовини вазир, бо мақсади шарҳу тавзеҳи муқаррароти Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» бо иштироки кормандон чорабинии омӯзишӣ баргузор гардид.

Манучеҳр Сафарзода дар ифтитоҳи ҳамоиш иброз дошт, ки ҳадаф аз баргузории чорабинӣ баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии кормандон буда, барои таъмини риояи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар аҳамияти муҳим арзёбӣ мегардад. Зеро баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ба таҳкими ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва рушди устувори кишвар мусоидат менамояд.

Дар идома, кормандони Вазорат Халилова Гулдаста (дар мавзуи «Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин»), Шамсиддин Фақиров («Танзими ҷашну маросим – ҳомии арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои иҷтимоӣ»), Нигина Назарова («Таъмин ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак») ва Мубин Мубинзода («Муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати давлатӣ») баромад намуданд.

Зимнан, бояд гуфт, ки пас аз ҳар маъруза миёни иштирокчиён муҳокимарониҳо сурат гирифтанд.

Маврид ба зикри хос аст, ки таҳлили амиқи масъалаҳои марбут ба сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои дин, муқовимат ба коррупсия, танзими ҷашну маросим ва таълиму тарбияи кӯдак имконият фароҳам меоварад, то кормандон бо муқаррароти қонунгузории миллӣ бештар ошно гардида, барои татбиқи самараноки онҳо дар муҳити корӣ, оила ва ҷомеа саҳми худро гузоранд.