МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ

22-юми феврали соли 2025, Душанбе. – Дар маҳаллаи 62-юми ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо иштироки роҳбарият, кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСК “Барқи Тоҷик”, Филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фиррдавсӣ маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Дар доираи ин иқдом, ки ба ҳифзи муҳити зист, беҳбуди экология ва зебо гардонидани муҳити шаҳри Душанбе равона гардидааст, дар масоҳати 0,30 га наздики 300 бех ниҳоли сановбар ва сузанбарг шинонда шуд.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа иброз дошт, ки маъракаи ниҳолшинонӣ дар пайравӣ ба ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, ҷузъе аз барномаҳои ободонӣ ва сабзгардонии кишвар мебошад.
Таъкид гардид, ки чунин иқдомҳо на танҳо ба зебоии шаҳр ва беҳбуди муҳити зист мусоидат мекунанд, балки фарҳанги ниҳолшинонӣ ва муҳаббат ба табиатро миёни аҳолӣ, махсусан насли ҷавон, тақвият мебахшанд.