ТЕРРОРИЗМ. МУБОРИЗАИ ДАСТАҶАМЪӢ КАФОЛАТИ ТАЪМИНИ ОСУДАГИСТ

25-уми феврали соли 2025, Душанбе. – Бо мақсади амалисозии Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва пос доштани арзишҳои миллӣ, бахусус забони давлатӣ ва фарҳанги либоси миллӣ дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини вазир Шарифа Худобахш ва иштироки прокурори калони Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии терроризм, экстремизм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи гегнералӣ Азимҷон Абдуллозода ҷаласа баргузор гардид.
Чорабиниро Шарифа Худобахш ифтитоҳ намуда, чунин иброз дошт: “Кишвари мо дар мқовимат ба терроризм ва экстремизм, ки аз хатарноктарин зуҳуроти ҷаҳони муосир шинохта мешавад, мавқеи оштинопазир ва мақоми пешоҳангӣ дорад. Ҳамагон огаҳем, ки љомеаи мо бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба хатар ва таҳдидҳои терроризм ва экстремизм рӯ ба рӯ гардида, оқибатҳои даҳшатбор ва харобиовари онро бо хисороти ҷонӣ ва молӣ дар марҳилаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ паси сар намуд. Ин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доираи хатару таҳдидҳои терроризму ифротгароиро мунтазам пайгирӣ намуда, бо такмили қонунгузорӣ муқовимат ба ин зуҳуротро ҳамеша тақвият мебахшад ва Стратегияи миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 аз ҷумлаи чунин санадҳост”.
Азимҷон Абдуллозода зимни баромади худ зикр намуд, ки имрӯз таҳдидҳои глобалӣ, аз ҷумла истифодаи технологияҳои иттилоотӣ барои таблиғи ақидаҳои ифротӣ, афзоиши гурӯҳҳои тундрав ва ҷалби ҷавонон ба ҳаракатҳои экстремистӣ, яке аз масъалаҳои доғи рӯз ба шумор меравад. Мубориза бо чунин таҳдидҳо бояд фарогир бошад ва на танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки тамоми сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла вазорату идораҳо, ширкатҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ низ бояд фаъолона дар ин раванд саҳм гиранд.
Дар идома кормандони Вазорат Шамсиддин Фақиров ва Наргис Ҳалимова баромад намуданд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа, иштирокчиён оид ба роҳҳои муассири пешгирии экстремизм, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарғиби арзишҳои миллию фарҳангӣ табодули назар карданд. Ҳамзамон, зарурати ҳамкории байнисоҳавӣ ва иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 таъкид гардид.