
26-уми феврали соли 2025, Душанбе. – Таҳти ин унвон дар меҳмонхонаи “Ҳилтон” бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Бонки Умумиҷаҳонӣ бо иштироки вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа, намояндагони вазорату идораҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шарикони рушд мизи мудаввар баргузор гардид.
Манучеҳр Сафарзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои об, зимни баромади худ аз иқтидорҳои энергетикӣ, ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар соҳаи энергетика ёдовар шуда, таъкид кард, ки айни замон дар шаҳри Душанбе ду маркази барқу гармидиҳӣ фаъолият доранд ва мақсад аз истифодабарии онҳо бо энергияи гармӣ таъмин намудани хоҷагии халқи пойтахти кишвар ва ба ин васила кам кардани талабот ба неруи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон ба ҳисоб меравад.
Гуфта шуд, ки ҳадаф аз баргузории мизи мудаввари мазкур баррасии истифодаи самараноки гармӣ дар шаҳри Душанбе ва имкони истифодаи механизмҳои бо гармӣ таъмин намудани дигар шаҳрҳои кишвар ва ба ин васила паст намудани талабот ба неруи барқ ва аз сарборӣ озод намудани шабакаҳо муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар ҷараёни мизи мудаввар имкониятҳои рушди низоми устувори гармидиҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид шуд, ки истифодаи самараноки гармӣ на танҳо барои шаҳри Душанбе, балки барои дигар минтақаҳои кишвар низ аҳамияти калидӣ дорад. Иштирокчиён роҳҳои татбиқи механизмҳои муосири гармидиҳӣ дар шаҳрҳои дигари ҷумҳурӣ, имкони гузариш ба манбаъҳои самаранок ва устувори гармидиҳӣ, ҳамчунин таъсири он ба коҳиши сарбории шабакаҳои барқӣ ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷударо муҳокима намуданд.