
26-уми феврали соли 2025, Душанбе. – Бо дастгирии шарикони рушд ва шарикони хусусӣ ҳанӯз аз соли 2001 то ин ҷониб дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон дар умум, 36 лоиҳа ба маблағи умумии 2,7 млрд доллари ИМА татбиқ шуда, имрӯз боз татбиқи 18 лоиҳаи дигар (ба истиснои НБО “Роғун”) ба маблағи умумии 1,7 млрд доллари ИМА бо маром идома дорад.
Ин нуктаро вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа зимни мизи мудаввар, ки таҳти унвони “Тадбирҳои фаврӣ ҷиҳати таъмини боэътимоди неруи барқ дар шаҳри Душанбе, самаранокии энергетикӣ, рақамикунонӣ, шаҳри ҳушманд, муҳити бароҳати шаҳр” дар меҳмонхонаи “Ҳилтон” бо иштироки муовини раиси шаҳри Душанбе Сорбон Холмуҳамадзода, намояндагони вазорату идораҳо ва шарикони рушд доир гашт, иброз дошт.
Муовини раиси шаҳри Душанбе Сорбон Холмуҳамадзода дар суханронии худ аҳамияти таъмини боэътимоди неруи барқро барои пойтахти мамлакат таъкид намуда, афзуд, ки бо дарназардошти рушду тараққиёти босуръати пойтахт ва афзоиши аҳолӣ, талабот ба неруи барқ низ сол ба сол афзоиш меёбад.
Зикр гардид, ки шаҳри Душанбе аз ҷумлаи калонтарин истеъмолкунандаи неруи барқ дар кишвар ба ҳисоб меравад.
Дар идома, муовини вазири энергетика ва захираҳои об Манучеҳр Сафарзода бо пешниҳоди рӯнамо оид ба истеъмоли барқ дар шаҳри Душанбе ва тадбирҳои андешидашуда барои таъмини устувори энергетикӣ суханронӣ намуд.
Дар қисмати ҷамъбастии ҳамоиш миёни иштирокчиён оид ба масъалаҳои баррасишуда табодули афкор сурат гирифта, пешниҳодҳои мушаххас мазур гардид.