
28-уми феврали соли 2024, Душанбе. – Дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тақвияти устуворӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон: навовариҳо дар идоракунии захираҳои обӣ ва мониторинги пиряхҳо» дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency» конфронс баргузор гардид. Дар кори он олимону коршиносон ва шарикони рушд иштирок доштанд.
Ҷамшед Шоимзода, муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои об, дар ифтитоҳи ҳамоиш иброз дошт, ки обу иқлим бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд. Обшавии пиряхҳо, аллакай ба кам шудани захираҳои обӣ дар ҷаҳон оварда расонидааст. Дар Осиёи Марказӣ, таъмини оби нӯшокӣ ба ҳар нафар чор маротиба коҳиш ёфтааст – аз 8,4 ҳазор м³ дар соли 1960 то 2,1 ҳазор м³ имрӯз. Ин раванд дар тамоми ҷаҳон мушоҳида мешавад: обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида сатҳи баҳрҳоро боло бурда, ба ҳаёти миллионҳо нафар дар кишварҳои ҷазираӣ ва соҳилӣ таҳдид мекунад.
Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишваи ташаббускор, пешоҳанг ва таъсиргузор дар масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф гардидааст. Ин нуктаро бори дигар қабул гардидани қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон кардани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо тасдиқ намуд.
Таъкид гашт, ки аҳамияти пиряхҳо дар таъмини ҳаёти инсоният ва экосистемаҳо ниҳоят бузург аст, зеро онҳо яке аз сарчашмаҳои асосии оби ошомиданӣ ва манбаи устувории муҳити зист ба ҳисоб мераванд. Вале боиси нигаронист, ки дар даҳсолаҳои охир, бинобар таъсири тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо ба мушоҳида мерасад, ки метавонад боиси камбуди об, тағйироти ҷиддии экологӣ ва таназзули иқтисодию иҷтимоии минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гардад.
Дар конфронс натиҷаҳои экспедитсияи пиряхшиносӣ ва моделсозии глятсио-гидрологӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон мебошад, ки дар доираи лоиҳаи GIZ IRDP/TRIGGER анҷом дода шудааст, манзур гардид.