
03-юми марти соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Элза Пинёл ва намояндагони ширкати Electricite de France S.A. (EDF) мулоқот намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика ва захираҳои об мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тарафҳо аз сатҳи кунунии ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои стратегӣ дар ин соҳа таъкид карданд.
Ҷониби фаронсавӣ ҷиҳати тақвият додан ва ба роҳ мондани муносибатҳои нав, аз ҷумла иштироки ширкати EDF доир ба гузаронидани корҳои омӯзишӣ дар лоиҳаҳои сохтмони неругоҳҳои барқи обии дар дарёи Зарафшон бунёдшаванда ва ҳамкорӣ бо ширкати муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон «ТАУЗ Гидро» изҳорӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуд.