
Бо мақсади ҷалби бештари духтарону бонувон барои таҳсил дар бахши электроэнергетика аз 28-уми феврал то 5-уми марти соли 2025 дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Норак, Турсунзода, ноҳияҳои Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ ва Ёвон бо иштироки хатмкунандагони солҳои таҳсили 2024-2025 ва волидони онњо мизи мудаввар таҳти унвони «Маълумоти олӣ ба духтарони тоҷик дар соҳаи энергетика» баргузор карда шуд.
Дар кори онњо муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода, намояндагони Вазорат, Мавҷуда Холиқзода, собиқадори соҳаи энергетика, Элза Пурина, коршиноси лоиҳаи SECCA, Бахтиёр Қосимов, корманди Донишкадаи энергетикии Тоҷикистони иштирок доштанд.
Иқдоми мазкур бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи минтақавии «Мусоидати Иттиҳоди Аврупо ба ҳамбастагии устувори энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ – SECCA» ҷиҳати баланд бардоштани огоҳии бонувону духтарон барои фаро гирифтан ба таҳсил дар бахши электроэнергетика ба ҳисоб меравад.
Дар баробари ин, бояд қайд намуд, ки зимни баргузории мизҳои муддавар муҳокимаи мавзуъҳои таҷрибаи аврупоии ҷалби занон ба бахши энергетика, муваффақиятҳои занони тоҷик дар ин бахш, иқдомҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ доир ба дастгирии таҳсили духтарон, бахусус дар соҳаи энергетика, имкониятҳои Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон барои дастрасӣ ба таҳсил, имконияти ҷойҳои корӣ барои занон дар бахши энергетикаи кишвар ва дастовардҳои донишҷӯдухтарони Донишкада вобаста ба таҳсил ва ҳаёти ҷолиби онҳо пешбинӣ гардидааст.
Бешак, иқдоми мазкур ҷиҳати ҷалби духтарон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки дар самти энергетика мутахассис омода менамоянд, шароити мусоид фароҳам меоварад ва дар ин замина, кадрҳои болаёқат ва соҳибтахассус аз ҳисоби бонувон омода гардида, ба рушди ин соҳаи муҳими иқтисоди миллӣ саҳми назарраси худро хоҳанд гузошт.