ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР

07-уми марти соли 2025, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Модар ҷамъомади идона баргузор гардид.

Чорабиниро муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои об Ҷамшед Шоимзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни самимона шодбош гуфт.

Қайд гардид, ки Рӯзи модар – ҷашни пурифтихор ва бисёр азиз барои ҳамагон аст, зеро модар рамзи муҳаббат, меҳр ва садоқат буда, нақши ӯ дар тарбияи наслҳои солиму босавод ва рушди устувори ҷомеа беназир аст.

Дар идомаи ҷамъомад як қатор кормандон баромад намуда, бонувонро ба ифтихори ин ҷашн табрик намуданд.