
11-уми марти соли 2025, Душанбе. – Таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шурои нозирони Ҷамъияти саҳоми кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» Қоҳир Расулзода маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорони Ҷамъияти саҳоми кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» баргузор гардид.
Дар маҷлис аъзои Шурои нозирон, котиботи шурои нозирон, роҳбарияти вазорату идораҳо, раисони комиссияҳои тафтишотӣ ва баҳисобгирӣ, саҳмдорон ва роҳбарияти Ҷамъияти саҳоми кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» иштирок намуданд.
Тибқи рӯзнома, дар маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорони Ҷамъияти саҳоми кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» 2 масъала баррасӣ гардид:
— дар бораи ҷудо намудани маблағ аз фурӯши неруи барқи дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» истеҳсолшаванда барои барномаи тақсими манфиатҳои НБО «Роғун»;
— дар бораи тартиби тақсими даромадҳо аз ҳисоби фурӯши неруи барқи (дохилӣ ва содиротӣ) дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» истеҳсолшаванда.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шурои нозирони Ҷамъияти саҳоми кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» Қоҳир Расулзода иброз намуд, ки имрӯзҳо бунёди неругоҳи барқи обии «Роғун» бо суръати баланд идома дошта, дар ду соли охир ба ин мақсад аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 9 миллиард сомонӣ харҷ гардидааст ва то имрӯз беш аз 50 фоизи корҳои сохтмонии неругоҳи «Роғун» ба анҷом расонида шудааст.
Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳо ҷиҳати сари вақт маблағгузорӣ намудани сохтмони ин иншооти стратегӣ мунтазам чораҷӯйӣ менамояд.
То имрӯз созишномаҳои маблағгузории иншооти неругоҳ бо 6 созмони байналмилалӣ ба имзо расонида шуда, дар ин самт бо як қатор созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд ҳамкории судманд барои ҷалби маблағҳои имтиёзнок идома дорад.
Дар идомаи маҷлис вобаста ба масъалаи якуми рӯзнома — дар бораи ҷудо намудани маблағ аз фурӯши неруи барқи дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» истеҳсолшаванда барои барномаи тақсими манфиатҳои Неругоҳи барқи обии «Роғун» директори генералии Ҷамъияти саҳоми кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» Хайрулло Сафарзода ва вобаста ба масъалаи дуюм – директори Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ Пулод Муҳиддиниён суханронӣ намуданд.
Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда дар маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорони Ҷамъияти саҳоми кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Котиботи Шурои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» хабар доданд.