
13-уми марти соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Директори идоракунандаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон Ҳусейн Озхан мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, дурнамои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва идоракунии захираҳои обро муҳокима намуданд.