ТОҶИКИСТОН ВА БРИТАНИЯИ КАБИР: ҲАМКОРИҲО ДАР СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

13-уми марти соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Cафири навтаъйини Британия Кабир дар Душанбе хонум Кэтрин Смиттон вохӯрӣ намуд.

Мусоҳибон сатҳи ҳамкории кунунии кишварҳоро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об мавриди баррасӣ қарор доданд.

Вазири энергетика ва захираҳои об зикр кард, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ҳамкории зичро бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Британия Кабир, барои пешбурди лоиҳаҳои устувор ва татбиқи технологияҳои пешрафта дар бахши энергетика муҳим мешуморад.

Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум сурат гирифта, ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо ва пешбурди лоиҳаҳои муштарак дар самти энергетика ва захираҳои об таъкид намуданд.