
13-уми марти соли 2025, Душанбе. – Нимаи дуюми рӯз Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Президенти ширкати «Acwa Power» дар Осиёи Марказӣ Абид Малик мулоқот анҷом дод.
Дар меҳвари суҳбати ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва ҷалби сармояи ширкат барои бунёди неругоҳҳои бодию офтобӣ дар Тоҷикистон қарор гирифт.
Вазир доир ба ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати то соли 2027 ноил гардидан ба истиқлоли комили энергетикӣ тавассути бунёди иқтидорҳои нави энергетикӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия таъкид намуд.
Дар ин замина, таҷрибаи байналмилалии ширкати «Acwa Power» дар татбиқи лоиҳаҳо неругоҳҳои бодию офтобӣ барои рушди бахши энергетикаи Тоҷикистон муҳим арзёбӣ гардид.
Абид Малик изҳори таваҷҷуҳ ва ҳавасмандии ширкати «Acwa Power»-ро барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон баён кард.