
14-уми марти соли 2025, Душанбе. – Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикисон Манучеҳр Сафарзода бо муовини вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қирғизистон Назгул Усенова мулоқот анҷом дод.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ сурат гирифта, ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар доираи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бо қаноатмандӣ иброз гардид, ки дар муҳлатҳои наздик хатти интиқоли барқи 500 кВ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз зеристгоҳи барқии «Суғд-500» то зеристгоҳи барқии «Датка» ба истифода дода мешавад.
Изҳори итминон гардид, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар оянда низ густариш ёфта, ба сатҳи нав мебарояд.