
14-уми марти соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикисон Далер Ҷумъа бо Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикела вохӯрӣ кард.
Ҷонибҳо маҷмуи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об мавриди муҳокима қарор дода, ба масъалаи ҷалби маблағ барои татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Мусоҳибон аз сатҳи ҳамкориҳои кунунӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Вазири энергетика ва захираҳои об ҷалби маблағҳои грантии Иттиҳоди Аврупо ва қарзҳои имтиёзноки созмонҳои молиявии аврупоиро барои рақамикунонии соҳаи энергетика, пешбурди лоиҳаҳо вобаста ба бозори минтақавии неруи барқ, манбаъҳои барқароршавандаи энергеия, кам намудани талафоти неруи барқ муҳим арзёбӣ кард.
Дар фароварди мулоқот, ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд ва густариши минбаъдаи робитаҳо дар соҳаи энергетика ва захираҳои об иброз доштанд.