ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПЕШВОИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТ ДАР МИНТАҚА

Имзои Изҳороти муштарак оид ба таҳкими минбаъдаи риштаҳои дӯстӣ ва некуҳамсоягӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ва Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ як рӯйдоди таърихӣ ва муҳим барои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин санади тақдирсоз на танҳо ба поёни ихтилофоти сарҳадӣ миёни ду кишвари ҳамсоя мусоидат кард, балки шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун роҳбари сулҳпарвар ва хирадманд дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам бештар муаррифӣ намуд.

Сулҳ ҳамчун пояи устувории миллӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раҳбари давлати Тоҷикистон ҳамеша бар ин назар аст, ки сулҳ ва ваҳдат асоси рушди ҳар миллат аст. Таҷрибаи Тоҷикистон дар солҳои 90-ум ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат барои хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ нишон доданд, ки танҳо тавассути гуфтугӯ, ҳусни тафоҳум ва дипломатия метавон мушкилоти мураккабро ҳал кард, на ба зӯри силоҳу қатлу куштор. Ин таҷрибаи нодир, ки дар сулҳи тоҷикон таҷассум ёфта буд, дар раванди гуфтушунидҳо бо Қирғизистон низ нақши калидӣ бозид.

Муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон: аз таниш то сулҳ

Масъалаҳои сарҳадӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон борҳо сабаби нофаҳмӣ ва муноқишаҳои ҷузъӣ мегардиданд. Ин ихтилофҳо натанҳо ба равобити ду кишвар, балки ба ҳаёти сокинони маҳаллӣ низ таъсири манфӣ мерасонданд. Бо вуҷуди ин, ҷонибҳо ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки роҳҳои дипломатии ҳалли масъалаҳоро пайдо намоянд.

Бо ташаббуси президентҳои кишварҳо ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон мулоқотҳои пайваста баргузор намуда, масъалаи мазкур баррасӣ намуда, онро ниҳоӣ карданд. Имзои шартнома на танҳо ҳалли ихтилофҳои мавҷударо таъмин кард, балки барои таҳкими ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ низ замина гузошт.

Таъсири байналмилалӣ ва истиқболи ҷаҳонӣ

Имзои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ҳамчун як дастоварди бузурги дипломатӣ истиқбол гардид. Созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва як қатор кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ, Федератсияи Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британияи Кабир, Фаронса, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Давлати Қатар, Давлати Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркия, Озарбойҷон, Шоҳигарии Баҳрайн ва Эрон аз ин иқдом пуштибонӣ карданд ва онро намунаи ҳалли низоъҳо дар асоси гуфтугӯҳои созанда номиданд.

Аз ҷумла, Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ду давлатро бо ин дастоварди таърихӣ таҳният гуфта, роҳбарӣ, азми қавӣ ва иродаи сиёсии онҳоро барои муваффақона ба анҷом расонидани раванди музокироти дарозмуддат баланд арзёбӣ менамояд.

Ҷониби ИМА дар ин бора чунин иброз доштааст: «Ҳаллу фасли баҳсҳои марзӣ яке аз душвортарин вазифаҳои дипломатӣ аст, ки як ҳукумат метавонад анҷом диҳад».

Дар ҳамин асно, Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Нурлан Ермекбаев зимни вохӯрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин рӯйдоди муҳим истиқболи самимӣ кард. Ӯ таъкид намуд, ки Созмони ҳамкории Шанхай яке аз аввалинҳо шуда, аҳамияти таърихии ин рӯйдодро баён намуд ва нақши онро дар таҳкими сулҳу субот ҳам дар минтақа ва ҳам дар фазои ин созмон муҳим арзёбӣ намуд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин иқдоми хирадмандона бори дигар нишон дод, ки ӯ на танҳо роҳбари як давлат, балки шахсияти таъсиргузор дар сиёсати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мебошад. Қобилияти ӯ дар идоракунии дипломатӣ ва ҳалли мушкилоти душвор ба ҷомеаи ҷаҳонӣ собит сохт, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори сулҳ ва ҳамкорӣ аст.

Натиҷа ва дурнамои равобити ду кишвар

Имзои Изҳороти муштарак оид ба таҳкими минбаъдаи риштаҳои дӯстӣ ва некуҳамсоягӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ва Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ оғози як марҳилаи нав дар ҳамкориҳои дуҷониба мебошад. Ин санад на танҳо роҳро барои рушди равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ боз мекунад, балки ба зиндагии мардуми ҳар ду кишвар низ таъсири мусбат мерасонад.

Таҷрибаи Тоҷикистон дар сулҳофарӣ метавонад барои дигар кишварҳое, ки бо низоъҳои марзӣ рӯбарӯ ҳастанд, як намунаи ибрат бошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандона ва иродаи қавии худ бори дигар исбот кард, ки сулҳро метавон тавассути гуфтугӯ, ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ таъмин кард.

Ҳамин тавр, Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ на танҳо як рӯйдоди муҳим барои Тоҷикистон ва Қирғизистон, балки як қадами бузург барои суботи минтақавӣ ва таҳкими равобити дӯстона дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Маҳмуд МИРЗОЁН, 
мудири бахши котиботи
Вазорати энергетика ва захираҳои об