ИМЗОИ СОЗИШНОМАИ ГРАНТӢ МИЁНИ БАТР ВА ҶСК «ШАБАКАҲОИ ИНТИҚОЛИ БАРҚ»

17-уми марти соли 2024, Душанбе. – Байни Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» созишномаи грантӣ ба маблағи 2 миллион евро ба имзо расид.

Маблағҳои грантӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон, ҳамчун дастгирии техникии лоиҳаи «Навсозии зеристгоҳи Суғд-500» ҷудо гардида, ҷиҳати таҳкими инфрасохтори энергетикии Тоҷикистон равона карда мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки лоиҳаи мазкур барои баланд бардоштани устувории низоми энергетикии кишвар, мусоидат ба ҳамгироии манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва тавсеаи пайвастагии минтақавии шабакаи энергетикии Тоҷикистон аҳамияти хоса дорад.