
20-уми марти соли 2025, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Ҳамоишро Манучеҳр Сафарзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои об, ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз – зеботарин ва пурҷилотарин ҷашни ниёгонамон, ки ҳамчун рамзи ваҳдату шукуфоӣ, нишот ва баракат аз даврони бостон то ба рӯзгори мо расидааст, шодбош гуфт.
Зикр шуд, ки эҳёи ҷашни Наврӯз ва ҷаҳонӣ шудани он ҳамчун ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо ном ва кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст ва миллати мо меросбари ҳақиқии ин ҷашн ва дар асл миллати Наврӯз аст.
Дар идомаи чорабинӣ кормандони Вазорат, аз ҷумла Қурбоналӣ Хайруллозода, Раҳматзода Фатҳиддин, Гулдаста Халилова ва Мақсуд Саломзода, баромад намуда, аҳли нишастро ба ин ҷашни аҷдодӣ табрик гуфта, оид ба арзишҳои фарҳангӣ, суннату анъанаҳои неки Наврӯз ва нақши он дар таҳкими дӯстиву ҳамдилии мардумон ибрози назар карданд.
Сипас, кормандон аз дастхони идонаи наврӯзӣ дидан намуда, дар ҳавои таронаҳои тараннумкунандаи ҷашни наврӯз хурсандӣ намуданд.