ИШТИРОК ДАР ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР НОҲИЯИ РОШТҚАЛЪА

21-уми марти соли 2025 муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифа Худобахш дар чорабинии бошукӯҳи ҷашни Наврӯзи ноҳияи Роштқалъа ширкат варзида, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони ноҳияро ба муносибати ин ҷашни аҷдодӣ табрик намуд.

Шарифа Худобахш иброз дошт, ки дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҷашни Наврӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳангӣ ва оини муқаддаси ниёгон шукӯҳи тоза касб намуда, ба рамзи худшиносии миллӣ ва эҳёи арзишҳои асили аҷдодӣ табдил ёфтааст.

Таъкид гардид, ки имрӯз ҷаҳон бо мушкилоти гуногуни иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ рӯ ба рӯст ва маҳз эҳёи суннатҳои неки Наврӯз метавонад ба таҳкими ваҳдат, ҳамраъйии мардумон ва густариши арзишҳои умумибашарӣ мусоидат намояд.

Дар идомаи чорабинӣ барномаи рангини театрикунонидашудаи аҳли фарҳанги ноҳияи Роштқалъа манзури ҳозирин гардонида шуд. Ҳунармандони маҳаллӣ бо иҷрои рақсу сурудҳои дилангез ва намоишҳои ҷолиб рӯҳи аслии Наврӯзро таҷассум намуда, ба ҷашн шукӯҳи хоса бахшиданд.

Моро дар Телеграм пайгирӣ намоед:
✅ https://t.me/mewrtj