
Муҳтарам кормандони соҳаи об,
Собиқадорони соҳа!
Ҳамасола 22-юми март дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об таҷлил мегардад, ба ин муносибат ҳамаи Шуморо самимона шодбош гуфта, бароятон тандурустӣ, саодати рӯзгор ва дар фаъолияти кориатон фатҳи уфуқҳои навро таманно дорам.
Воқеан, ин рӯз моро водор месозад, ки ба арзиши беандозаи об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт ва неъмати бебаҳои табиат боз ҳам бештар таваҷҷуҳ намоем.
Зеро тибқи арзёбии Созмони Милали Муттаҳид, имрӯз дар олам 2,2 миллиард нафар ба оби бехатари ошомиданӣ дастрасӣ надоранд, ки ин ба зиндагӣ ва ҷомеаи онҳо таъсири харобиовар мерасонад.
Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон кишвари ташаббускор, пешоҳанг ва таъсиргузор дар пешбурди рӯзномаи чаҳонии марбут ба обу иқлим эътироф гардидааст.
Шаш иқдоми бузурги байналмилалии Тоҷикистон, аз ҷумла “Соли байналмилалии оби тоза” (2003), Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” (2005 – 2015), “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” (2013), Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” (2018 – 2028), Соли ҳифзи пиряхҳо (2025) ва 21-уми Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ мегарданд ва ҳар яки он дар шароити афзоиши мушкилоти экологӣ, норасоии оби ошомиданӣ ва оқибатҳои тағйирёбии иқлим аҳамияти бузург доранд.
Мо ифтихор дорем, ки дар натиҷаи ин иқдомҳо соли 2028 Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбони Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об хоҳад буд.
Дар доираи ин чорабинии муҳими байналмилалӣ, масъалаҳои иҷрои пурраи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” баррасӣ мегарданд, ки саҳми Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти обии ҷаҳон боз ҳам бештар муаррифӣ менамояд.
Бояд хотирнишон сохт, ки соли 2024 дар кишвар яке аз санадҳои муҳими соҳа – Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 мавриди амал қарор гирифт.
Стратегия принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи идоракунӣ ва ҳифзи захираҳои обро муайян намуда, самтҳои стратегии идоракунии устувор ва ҳамгироёнаи захираҳои обро бо дарназардошти тағйирёбии иқлим таъмин мекунад ва асоси рушди дарозмуддати соҳа ва таъмини амнияти обиро мегузорад.
Татбиқи Стратегия ба ноил гардидан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии кишвар оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар соҳаи об ва расидан ба Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид нигаронида шудааст.
Имсол муҳлати амали Барномаи ислоҳоти соҳаи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025 ба итмом мерасад.
Боиси зикри хос аст, ки дар доираи барнома корҳои назаррас амалӣ карда шудаанд.
Муҳтарам кормандони соҳа!
Бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва тағйирёбии иқлим, зарурати ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ бештар эҳсос мешавад.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки бо ҳисси масъулият ба масъалаи об муносибат намуда, истифодаи самараноки онро таъмин созем.
Дар охир бори дигар тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, муҳаққиқон, муҳандисон, ходимони соҳаи обу энергетика ва ҳамаи онҳое, ки барои рушди устувори захираҳои обӣ саҳм мегузоранд, самимона ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об табрикот менамоям.
Бигзор об ҳамчун сарчашмаи зиндагӣ ва рушд ҳамеша поку фаровон бошад ва ба шукуфоии Ватани азизамон мусоидат намояд!
Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об муборак бод!