
25-уми марти соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) Асад Маҷид Хон мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва минтақавиро дар соҳаи энергетика мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки таҳияи Стратегияи таъмини устувории энергетикии минтақа бо дарназардошти рушди энергияи таҷдидшаванда ва иқтисоди “сабз” аҳамияти калидӣ дорад.
Дабири кулли СҲИ ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи обу иқлим шоистаи таҳсин арзёбӣ кард.
Вазири энергетика ва захираҳои об аз Дабири кулли СҲИ Асад Маҷид ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват ба амал овард.
Дар охир, ҷонибҳо иқдом намуданд, ки ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистон ва СҲИ дар соҳаи энергетика ва захираҳои об минбаъд низ тақвият хоҳад ёфт.