ИШТИРОК ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОТОРИСТОН

2-юми апрели соли 2025, Қазон (Федератсияи Россия). – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар маросими ифтитоҳи Форуми байналмилалии энергетикии Тотористон – «ЭНЕРГОПРОМ-2025» иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар чорабинӣ Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов, вазири энергетикаи Федератсияи Россия Сергей Сивилёв, намояндагони вазоратҳои энергетикаи кишварҳои хориҷӣ, ширкатҳои бузурги истеҳсолкунанда ва таъминкунандагони таҷҳизот, корпоратсияҳо ва холдингҳои энергетикӣ иштирок карданд.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар сухани ифтитоҳии худ вобаста ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия сухан ронд.
– Ин форум на танҳо як платформаи муҳими баҳсу баррасии масъалаҳои мубрами соҳаи энергетика мебошад, балки марҳилаи муҳим дар ташаккули назари нав ба ояндаи технологияҳои энергетикӣ, рушди устувор ва навоварӣ ба шумор меравад, – таъкид кард Далер Ҷумъа.
Гуфта шуд, ки яке аз афзалиятҳои сиёсати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрасии кишварҳо ба энергияи тоза ва истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ маҳсуб меёбад.
Пас аз анҷоми маросими ифтитоҳӣ иштирокдорон аз намоишгоҳи «KazanEnergyExpo» дидан намуданд. Дар намоишгоҳ зиёда аз 90 ширкати соҳаи энергетика аз 17 минтақаи Россия ва чанд кишвари хориҷӣ иштирок доранд. Иштирокчиён дониш ва технологияҳои пешқадами худро муаррифӣ намуда, дар бораи лоиҳаҳои умедбахши такмили инфрасохтори энергетикӣ маълумот доданд.