ИШТИРОК ДАР ДАР ҶАЛАСАИ 66-УМИ ШУРОИ ЭЛЕКТРОЭНЕРГЕТИКИИ ИДМ

2-юми апрели соли 2025, Қазон (Федератсияи Россия). – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар Ҷаласаи 66-уми Шурои Электроэнергетикии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ШЭЭ ИДМ) иштирок ва суханронӣ намуд.

Тибқи рӯзнома, дар ҷаласа масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:

  • Баррасии лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳо ва масъалаҳое, ки ба Шурои Электроэнергетикии ИДМ пешниҳод шудаанд;
  • Ҳисоботи вазири энергетикаи Федератсияи Россия Сергей Сивилёв «Дар бораи стратегияи рушди энергетикаи Федератсияи Россия то Соли 2050»;
  • Ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ШЭ ИДМ Тарас Купчиков, «Дар бораи таҳияи стратегияи рушди Комплекси сӯзишворӣ-энергетикӣ ЭС-и давлатҳои иштирокчии ИДМ»;
  • Дар бораи сана ва макони баргузории Ҷаласаи 67-уми ШЭЭ ИДМ.

Вазири энергетика ва захираҳои об зимни баромади худ доир ба аҳамияти лоиҳаи минтақавии хатти интиқоли барқи «САSA-1000» ишора намуда, иброз дошт, ки 31-уми марти соли 2025 хати интиқоли барқи 500 кВ «Датка – Суғд» миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғистон бо иштироки сарварони давлатҳо ба истифода дода шуд.

– Иқтидори гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 500 миллиард кВт. соат дар як солро ташкил медиҳад, ки то имрӯз танҳо 4 фоизи он мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар ин замина, тамоми кӯшишҳо барои истифодаи пурраи иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ равона гардида, дар ин замина сохтмони НБО «Роғун» бо иқтидори умумии 3 780 МВт бо маром идома дорад, – таъкид кард вазир.