
Нуктаҳои муҳим аз суханрониии Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо хонум Урсула фон дер Ляйен доир ба дар Форуми сатҳи баланд таҳти унвони «Осиёи Марказӣ пешорӯи мушкилоти ҷаҳонии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ» (Самарқанд, 04.04.2025) доир ба ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон:
• Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар бораи оғози як ҳамкории стратегии нав ба мувофиқа расиданд, ки бехатарии иқлим ва ҳифзи табиат дар меҳвари ин муносибат хоҳанд буд.
• Аврупо мехоҳад дар мутобиқшавӣ ба тағйирёбии бо Шумо ҳамкорӣ кунад. Имрӯз мутобиқшавӣ ба иқлим як қисми муҳими барномаи сармоягузории мо бо номи «Дарвозаҳои глобалӣ» (Global Gateway) мебошад. Масалан, мо дар ҳавзаи Баҳри Арал як камарбанди сабз бунёд менамоем, то ба ин биёбони шӯр ҳаётро баргардонем. Мо ба деҳқонони Осиёи Марказӣ кумак мерасонем то тавассути истифодаи технологияҳои сарфакоронаи об ва назорати истифодаи он ба иқлими хушктар мутобиқ шаванд. Ин ҳамон гузаришест, ки деҳқонони Иттиҳоди Аврупо низ аз сар мегузаронанд.
• Мо якҷоя метавонем ҷараёни гузариши ҷаҳонӣ ба энергияи тоза ва устуворро суръат бахшем. Соли гузашта Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба уҳдадории глобалии мо пайвастанд, ки то соли 2030 самаранокии энергетикиро ду баробар ва иқтидори энергияи барқароршавандаро се баробар зиёд кунанд. Моҳи январ мо Форуми ҷаҳонии гузариши энергетикиро оғоз намудем, ки ҳадафи он нигоҳ доштани суръати ин талош ва табдил додани ҳадафҳо ба лоиҳаҳои воқеии амалӣ мебошад. Шумораи бештари кишварҳо ба ин ташаббус ҳамроҳ мешаванд. Ман умедворам, ки ҳамаи шумо аз ин минтақа низ ба ин кӯшишҳо ҳамроҳ хоҳед шуд. Зеро ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ дорои иқтидори бузурги энергетикаи устувор мебошад — шумо дорои ҳама унсурҳо ҳастед: шамол, офтоб, об ва энергияи геотермалӣ.
• Маҳз барои ҳамин Иттиҳоди Аврупо ба энергетикаи тоза дар саросари минтақа, аз ҷумла, садди рекордии НБО «Роғун» дар Тоҷикистон ва сарбанди «Қамбарата» дар Қирғизистонро сармоягузорӣ мекунад. Ин неругоҳҳо на танҳо барои кишварҳои худ неруи барқ истеҳсол мекунанд, балки барои содирот ба тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ. Онҳо барои рушди соҳаҳои стратегӣ, ба монанди коркарди ашёи хом, неруи барқ медиҳанд. Онҳо ба электрикунонии долонҳои нақлиётии мо ва истеҳсоли гидрогени тоза кӯмак мекунанд, ки метавонад содирот шавад. Ин як манфиати дуҷониба аст: барои истиқлоли энергетикӣ, барои тиҷорати мо ва, албатта, барои сайёраи муштараки мо, иқлим ва табиат.
• Осиёи Марказӣ ҳадафҳои бузург дар соҳаи энергияи тоза ва технологияҳои сабз дорад. Аврупо мехоҳад шарики интихобии шумо бошад.
Саҳифаи мо Телеграм:
https://t.me/mewrtj
#Тоҷикистон #ОсиёиМарказӣ #ИттиҳодиАврупо #УрсулафондерЛяйен #тағйирёбиииқлим #энергетика #НБОРоғун #GlobalGateway