
Дар ҶСК «НБО Сангтӯда-1» аудити даврии Системаи идоракунии экологӣ (СИЭ) ҷиҳати мутобиқ будан ба талаботи стандарти байналмилалии ISO 14001:2015 гузаронда шуд.
Санҷиш нишон дод, ки Системаи идоракунии экологии НБО «Сангтӯда-1» пайваста дар ҳолати такмилёбӣ қарор дошта, тавассути ноил шудан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои экологӣ, ки бар асоси принсипҳои истифодаи сарфакоронаи захираҳои табиӣ ва энергетикӣ, инчунин кам намудани таъсири эҳтимолии манфӣ ба муҳити зист асос ёфтаанд, самаранок фаъолият менамояд.
Аудитро мутахассисони ташкилоти байналмилалии сертификатсионӣ — DQS анҷом доданд. Гурӯҳи аудиторҳо ҷанбаҳои муҳими экологӣ, татбиқи барномаи чорабиниҳо барои расидан ба ҳадафҳои экологӣ ва риояи талаботи қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зистро мавриди санҷиш қарор доданд.
Аудиторҳо махсусан қайд карданд, ки дар НБО «Сангтӯда-1» корҳои мунтазами баланд бардоштани амнияти иншооти гидротехникӣ ба роҳ монда шудаанд. Дар ҳудуди неругоҳ вазъи экологӣ беҳтар шуда, корҳои сабзкорӣ, ниҳолшинонӣ ва бақарорсозии заминҳо (рекултиватсия) гузаронида мешавад.
Натиҷаҳои аудити инспексионӣ собит намуданд, ки СИЭ-и НБО «Сангтӯда-1» ба тамоми талаботи стандарти байналмилалии ISO 14001:2015 ҷавобгӯ мебошад.
Системаи идоракунии экологӣ дар ҶСК «НБО Сангтӯда-1» аз соли 2015 ба роҳ монда шуда, ҳар сол Ҷамъият мутобиқати онро ба талаботи стандарт тавассути гузаронидани аудитҳо бомуваффақият тасдиқ менамояд.
Натиҷаҳои мусбии сертификатсия шаҳодати онанд, ки фаъолияти ҶСК «НБО Сангтӯда-1» дар самти ҳифзи муҳити зист ба меъёрҳои баланди байналмилалӣ мутобиқ аст.