ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ ЭНЕРГЕТИКА ВА ЗАХИРАҲОИ ОБ БАРГУЗОР ГАРДИД

12-уми апрели соли 2025, Душанбе. – Таҳти раёсати вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати энергетика ва захираҳои об оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти корхонаю муассисаҳои соҳаҳои энергетика, нафту газ ва захираҳои об дар семоҳаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюм баргузор гардид.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа, нахуст муовини вазири энергетика ва захираҳои об Шарифа Худобахш оид ба натиҷаҳои фаъолияти корхонаю муассисаҳои соҳа гузориш дод.

Сипас, фаъолияти ҶСК «Барқи Тоҷик», ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ», ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ», Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ, Муассисаи давлатии «Маркази идораии лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» ва корхонаю муассисаҳои соҳаҳои нафту газ ва захираҳои об мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Зимни муҳокимаи масъалаҳо, бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти корхонаю муассисаҳои соҳаҳои энергетика, нафту газ ва захираҳои об, иҷрои талаботи ислоҳоти соҳаи энергетика, татбиқи сифатнок ва саривақтии лоиҳаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар фароварди ҷаласа аз ҷониби ҳайати мушовара қарори дахлдор қабул гардид.