МУНОСИБАТҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН ДАР СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА ТАҚВИЯТ МЕЁБАД

12-уми апрели соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири энергетики Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷӯрабек Мирзомаҳмудов мулоқоти маҷозӣ баргузор намуд.

Зимни суҳбат ҳамтоён масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла доир ба Лоиҳаи  «Азнавпайвастшавӣ ба низоми ягони энергетикии Осиёи Марказӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон, вобаста ба фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, минҷумла, омодагӣ ба ҷаласаи навбатӣ, ки баргузории он рӯзҳои наздик дар назар аст, табодули афкор сурат гирифт.

Изҳори итминон гардид, ки муносибатҳо дар доираи тавофуқоти дар Комиссияи байниҳукуматӣ ба даст омада, боз ҳам густариш хоҳад ёфт.