
Муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
25 сентябри соли 1970 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст
Соли 1993 Донишгоҳи давлатии техникии Тошкент ба номи А. Берунии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро бо ихтисоси муҳандиси кӯҳӣ-геофизик хатм кардааст.
Номзади илмҳои геологӣ – минералогӣ
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1993-1998 Асистенти кафедраи фанҳои илмӣ-табиии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев.
Солҳои 1998-2000 Муаллими калони кафедраи фанҳои табиии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев.
Солҳои 2000-2004 Аспирант, ходими хурди илмии Пажӯҳишгоҳи геологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Соли 2004 Ходими илмии Пажӯҳишгоҳи геологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2004-2006 Ходими калони илмии Пажуҳишгоҳи геологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои геологӣ-минералогӣ
Солҳои 2006-2013 Сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2013-2019 Муовини сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз моҳи январи соли 2019 Муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фаъолияти иловагӣ:
Соли 2002 – 2004 – мушовир – геологи Лоиҳаи пасткунии офатҳои табиии Ташкилоти байналмилалии «FOCUS»
Соли 2004 – корманди барномаи «Баҳодиҳии хатарҳои офатҳои табиии»-и Дафтари Швейсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон
2004-2005 – мушовири калони Маркази ғайридавлатии мушовирӣ оид ба баҳодиҳии офатҳои табиии «UNIT» – и Дафтари Швейсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон.