Санаи 27 феврали соли 2019 дар бинои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гуруҳи ҳамоҳангсоз оид ба амалисозии Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025 баргузор гардид. Дар он намояндагони вазорату идораҳо, тарафҳои манфиатдор ва ҳамчунин намояндагони шарикорни рушд ширкат доштанд.
Дар доираи ҷаласа корҳои иҷрогардида ва пешравиҳои ноилгардида дар раванди татбиқи Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва дар баробари ин масъалаи созмон додани Ташкилотҳои ҳавзавии дарёҳо, Шуроҳои ҳавзаи дарёҳо, таҳияи нақшаҳои ҳавзавии идоракунии захираҳои об, созмон додани низоми иттилоотии нав дар Ҳавзаи дарёҳои Сир, Зарафшон, Панҷ ва Кофарниҳон, ҳамчунин масъалаҳои стратегияи коммуникатсионии Барномаи ислоҳоти соҳаи об ва ҷашнгирии Рузи байналмилалии об мавриди баррасӣ қарор гирифтан.
Аз ҷониби ширкаткунандагон изҳори қаноатмандӣ вобаста ба рафти иҷрои ислоҳоти соҳаи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зоҳир гардида, муколамаҳои баргузоргардида дар ҳавзаи дарёи Зарафшон, Панҷ, Сирдарё ва Кофарниҳон низ муҳим ва саривақти арзёбӣ гардиданд.
Бо дарназардошти эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» Муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати шарикони рушд ва доноронро ба масъалаҳои муҳимияти васеъ намудани доираи сармоягузориҳо барои амалисозии барномаҳои беҳсозии вазъи обтаъминкунӣ дар минтақаҳои кишвар ҷалб намуд.