18 марти соли ҷорӣ бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Донишкадаи дипломатияи фарҳангии Амороти Муттаҳидаи Араб ва Дафтари барномавии САҲА дар Тоҷикистон дар бинои меҳмонхонаи Хилтон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 ва Рўзи ҷаҳонии об, ки ҳамасола рўзи 22 март ҷашн гирифта мешавад, Конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони “Об моро муттаҳид месозад” баргузор гардид.
Дар кори Конференсияи мазкур зиёда аз 80 нафар иштирокчиён аз вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, олимону коршиносон ва дигарон иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузор намудани Конференсия мазкур ин ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба захираҳои обӣ – ҳамчун асоси зиндагии инсон, вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаи обу энергетика, табодули таҷрибаҳо дар соҳаи идоракунии захираҳои об ва энергияи таҷдидшаванда, ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар соҳаи обу энергетика, ташвиқу тарғиби ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои об, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 мебошад.
Дар ҷаласаҳои Конференсия масъалаҳои марбут ба сиёсати берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва равандҳои глобалии об, ҳолат ва дурнамои рушди соҳаи обу энергетика, ҳамкории фаромарзӣ дар соҳаи об, ҳамбастагии об, энергетика, озуқаворӣ ва муҳити зист, нақшаҳои оянда дар соҳаи об ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.