20 марти соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Норак ба татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии “Норак” оғози расмӣ бахшида, бо ҷараёни навсозии агрегатҳо шинос шуданд.
Нахуст ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи тарҳи корҳои таъмири асосии неругоҳ пешкаш гардид.
Мавриди зикр аст, ки Неругоҳи барқи обии “Норак” бузургтарин иншооти гидроэнергетикӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Корҳои сохтмонии он соли 1961 оғоз гардида, 26 марти соли 1966 маҷрои дарёи Вахш баста шуд. Агрегати якуми неругоҳ бо иқтидори 300 МВт 15 ноябри соли 1972 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Неругоҳ аз 9 агрегат иборат буда, аз соли 1979 бо иқтидори пурраи 2700 МВт кор кардааст. Соли 1988 дар натиҷаи таҷдиди агрегатҳо иқтидори лоиҳавии неругоҳ 8 агрегат бо 335 МВт ва 1 адад бо 320 МВт ба 3000 МВт расонида шуд.
Имрӯз дар Неругоҳи барқи обии “Норак” 710 нафар корманд, аз ҷумла 160 нафар занон фаъолият доранд. Шумораи ҳайати муҳандисӣ-техникии неругоҳ 204 нафарро ташкил медиҳад.
Обанбори “Норак” обанбори танзими солона ба ҳисоб рафта, аз саргаҳи дарғот дар масофаи 70 километр тӯл кашидааст. Ҳаҷми обанбор 10,5 километри мукааб буда, аз ин 4,5 километри мукааби он барои истеҳсоли неруи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон истифода бурда мешавад. Дарғоти (садди) неругоҳ маҷмааи гидротехникии сангу гилӣ буда, бо баландии 300 метр имрӯз дар ҷаҳон баландтарин дарғоти сангу гилӣ ба шумор меравад.
Истеҳсоли миёнасолонаи неруи барқ дар неругоҳ 11,2 миллиард киловат-соатро ташкил дода, аз давраи бакорандозӣ то имрӯз дар неругоҳ 448,4 миллиард киловат-соат неруи барқ истеҳсол карда шудааст, ки аз ин 306,8 миллиарди он ба давраи соҳибистиқлолии кишвар рост меояд.
Айни замон, бинобар кӯҳнаю фарсуда гардидани таҷҳизоти асосӣ неругоҳ тахминан бо иқтидори 2600 МВт фаъолият менамояд.
Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак” иқтидори лоиҳавии неругоҳ аз 3000 ба 3300 МВт бардошта шуда, дар маҷмӯъ бо назардошти тавоноии барқароршаванда иқтидори истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳ 700 МВт зиёд, сатҳу сифати хизматрасонӣ дар неругоҳ беҳтар ва таъминоти неруи барқ дар кишвар ба таври назаррас баланд хоҳад гардид.
Бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти аҳамияти неругоҳ дар рушди иқтисодиёти кишвар ва татбиқи яке аз ҳадафҳои сиёсию стратегӣ, яъне ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ давоми солҳои 2015-2016 дар доираи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ ва ҷалби ширкати мушовирӣ аз Франсия асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи “Таҷдиди Неругоҳи барқи обии Норак ва таъмини бехатарии садд”-и он омода карда шуд.
Тибқи асоснокунии техникӣ-иқтисодии гузаронидашуда, маблағи умумии таҷдиду навсозии неругоҳ то 700 миллион доллари америкоӣ арзёбӣ гардидааст. Муҳлати умумии татбиқи лоиҳа 10 солро ташкил дода, бо дарназардошти дастрасии маблағҳо лоиҳа дар ду марҳила амалӣ хоҳад шуд.
Марҳилаи якуми лоиҳа аз 4 қисм – иваз намудани 3 адад агрегат ва таҷҳизоти ёрирасони онҳо, иваз намудани автотрансформаторҳо (6 адад автотрансформаторҳои якфазаи 220/500кВ) ва таъмини бехатарии садд иборат буда, муҳлати татбиқи он давоми 5 сол (солҳои 2019-2023) пешбинӣ гардидааст.
Дар маҷмӯъ, то имрӯз барои маблағгузории лоиҳа 326,9 млн. доллари америкоӣ ҷалб гардидааст, ки аз он 169 миллиону 134 ҳазор доллар-қарз ва 57 миллиону 800 ҳазор доллар гранти Бонки ҷаҳонӣ, 60 миллион доллар қарзи Бонки осиёгии сармоягузории инфрасохторӣ ва 40 миллион доллар қарзи Бонки авруосиёгии рушд мебошад.
Марҳилаи дуюми лоиҳа таҷдиди 6 агрегати боқимонда ва таҷҳизоти ёрирасони неругоҳро дар бар гирифта, он давоми 5 сол (солҳои 2024-2028) бо арзиши 148, 6 млн. доллар татбиқ хоҳад гардид.
Бояд гуфт, ки дар вақти татбиқи амалии лоиҳа, ҷиҳати таҷдиди босамари агрегатҳои Неругоҳи барқи обии “Норак” пудратчиён аз техникаву технологияи муосири ҷаҳонӣ истифода мебаранд.
Таъкид кардан зарур аст, ки баъди анҷоми корҳои таҷдиду навсозӣ тамоми системаи неругоҳ бо технологияи навтарин ва пешрафтаи соҳа иваз карда мешаванд.
Зимни шиносоӣ бо тарҳи лоиҳаи таъмири асосии Неругоҳи барқи обии “Норак” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ барои назорати иҷрои босифати корҳо супоришҳои мушаххас дода, ба ширкати пудратии лоиҳа – ширкати австриягии “Andritz Hydro”, мушовири лоиҳа – ширкати шветсариягии “Stucky Ltd” ва зерпудратчии лоиҳа – ширкати ватании “Тоҷик СГЭМ” ҷиҳати татбиқи саривақтии лоиҳа маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуданд.
“Андритз Гидро” (ANDRITZ HYDRO) яке аз ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ оид ба истеҳсоли таҷҳизоти электромеханикии неругоҳҳои барқи обӣ, таҷдиду навсозӣ ва баланд бардоштани иқтидорҳои агрегатҳои неругоҳҳои барқи обӣ, пойгоҳҳои обкашӣ ва турбогенераторҳо ба шумор меравад. Ширкат давоми тачрибаи 175-солаи худ зиёда аз 31 ҳазор адад турбинаҳоро бо иқтидори умумии 430 ҳазор МВт истеҳсол ва таҳвил додааст. Ширкати мазкур то имрӯз намояндагии худро дар тамоми минтақаҳои дунё, аз ҷумла Ҳиндустон, Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Канада ва Бразилия таъсис дода, дар даҳҳо давлатҳои дигари ҷаҳон фаъолият намудааст. Айни замон ширкат дар раванди амалисозии 16 лоиҳаи калонҳаҷм иштирок дорад.
Мавриди зикр аст, ки шурӯъ аз соли 2005 бо дастгирии шарикони рушд корҳо вобаста ба тоза намудани сатҳи поёноби неругоҳ, мониторинги бехатарии садди неругоҳ, бунёди дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 ва 220 кВ, иваз намудани трансформатори генератори рақами 8 бо иқтидори 450 МВА ва бо маблағгузории ширкати “Барқи Тоҷик” иваз намудани чархи кории агрегати рақами 3 ба роҳ монда шуд.
Аз ҷумла, давоми солҳои 2010-2016 бо дастгирии Бонки германии Рушд ва Бонки Рушди Осиё лоиҳаҳои барқарорсозии дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220/500 кВ дар Неругоҳи барқи обии “Норак” аз ҷониби ширкати германии “АLSTOM Grid GmbH” татбиқ карда шудааст.