Ҳамватанони азиз!
Меҳмонон ва ҳозирини гиромӣ!
Наврӯз бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ бузургтарин ҷашни миллии тоҷикон ва соли нави аҷдодии мо буда, ниёкони некноми мо онро аз замонҳои хеле қадим таҷлил мекарданд, омадани баҳор ва эҳёи табиатро бо шодиву хурсандӣ ва бо иштироки хурду бузурги диёр истиқбол мегирифтанд.
Дар ин лаҳзаҳое, ки ҳамаи мо дар арафаи фарорасии ин ҷашни бузурги байналмилалӣ қарор дорем, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ, тоҷикону форсизабонони олам, халқҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз, зиёиёни мамлакат, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро самимона табрик мегӯям.
Ҳамчунин, меҳмони азизи кишварамон – Президенти Ҷумҳурии Тотористон ҷаноби Минниханов Рустам Нургалиевичро ба Тоҷикистон ва тантанаҳои наврӯзии имрӯза хайрамақдам гуфта, мардуми дӯсти тоторро, ки Наврӯз дар диёри онҳо низ васеъ таҷлил мегардад, ба ифтихори ин ҷашни байналмилалӣ табрик менамоям.
Дар чорабинии имрӯза ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ бо роҳбарии Директори бонк доир ба масъалаҳои стратегӣ ва амалиётӣ хонум Мариам Шерман ва намояндагони шарикони рушд, инчунин, роҳбарони ширкатҳои мушовир ва пудратӣ иштирок доранд, ки ҳамаи онҳоро низ ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ табрик мегӯям.
Мардуми тоҷик Наврӯзро дар давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун яке аз ойинҳои беҳтарини миллӣ аз насл ба насл ба мерос гузошта, то замони мо расонидаанд.
Ин ҷашни бузург бо шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон на танҳо ба мақоми расмӣ соҳиб гардид, балки бо талошҳои Ҳукумати мамлакат ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми байналмилалӣ касб кард ва имрӯз дар саросари олам таҷлил карда мешавад.
Ин барои мардуми куҳанбунёди тоҷик ифтихори бузург ва боиси сарбаландиву сарфарозии ҳар як сокини Тоҷикистон мебошад.
Ҷавҳари таърихиву фарҳангии ин ҷашн саодату пирӯзии аҳли башар буда, инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта, накӯкориву созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардани табиат ва неъматҳои он ҳидоят менамояд.
Ин масъала, хусусан, дар замони мо, ки инсоният бар асари равандҳои ҷаҳонишавӣ ва гармшавии иқлим бо мушкилоти бесобиқа рӯ ба рӯ омадааст, аҳаммияти фавқулода муҳим дорад.
Маҳз ҳамин омил боис гардид, ки Созмони Милали Муттаҳид ҷашни Наврӯзро ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ эътироф кард ва таҷлили онро дар манотиқи мухталифи сайёра тавсия намуд.
Дар айёми наврӯзӣ гирди ҳам омадан, ба дидори якдигар расидан ва бо ширкати хурду бузург, сарфи назар аз синну сол ва миллату мазҳаб, баргузор намудани ойинҳои наврӯзӣ асли милливу мардумии онро ташкил медиҳад.
Воқеан, таърихи Наврӯз ҳеҷ робитае бо ҷаҳонбинии диниву мазҳабӣ ва сиёсиву нажодӣ надорад ва башардӯстиву бузургдошти инсон ва табиат асли он ба шумор меравад.
Қобили таъкид аст, ки умри Наврӯз ҳатто аз яке аз қадимтарин ойинҳои динӣ – зардуштия қариб ду баробар зиёд мебошад.
Наврӯз ҷашни эътидоли шабонарӯзӣ, айёми тавозуни зиндагӣ, оғози корҳои кишоварзӣ, киштукори баҳорӣ ва ҳама гуна ташаббусҳои созанда мебошад.
Чун мардум табиатан аз сармои тӯлонии зимистон ранҷ мебаранд, омадани гармӣ ва бедории табиатро ба унвони эҳёи зиндагӣ дар қолаби Наврӯз бо хурсандии зиёд ҷашн мегиранд.
Имсол мо тасмим гирифтем, ки тантанаҳои Наврӯзро бо иштироки меҳмонон ва зиёиёни кишвар дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон доир намоем.
Сокинони Хатлон аз қадимулайём бо меҳрубониву иродатмандӣ, далериву шуҷоат, заҳматдӯстиву ободгарӣ ва хештаншиносиву ҳувиятхоҳӣ машҳур гардидаанд.
Аз қадимтарин сарчашмаҳо маълум аст, ки сокинони Хутали бостонӣ дар ҳифзи ойину ҷашнҳои аҷдодӣ нақши басо арзишманд гузошта, имрӯз низ дар ин масир устуворона қадам мегузоранд, ки тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Норак гувоҳи ин гуфтаҳо мебошанд.
Норак шаҳри энергетикҳо ва саноатчиён буда, дар пешрафти кишвари азизамон саҳми бузург дорад. Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Норак”, ки бузургтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад, соли 1967 оғоз ёфта, 15 ноябри соли 1972 нахустин агрегати он бо иқтидори 300 мегаватт ба истифода супорида шуд.
Соли 1979 нерӯгоҳ бо иқтидори 2700 мегаватт пурра ба фаъолият шурӯъ намуд. Вале дар натиҷаи фаъолияти тӯлонии нерӯгоҳ ва фарсуда шудани таҷҳизоти технологӣ имрӯз иқтидори лоиҳавии он 400 мегаватт кам гардидааст.
Аз соли 2005 бо дастгирии шарикони рушд корҳо вобаста ба тоза намудани сатҳи поёноби нерӯгоҳ, мониторинги бехатарии сарбанди он, бунёди дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 ва 220 – киловолта ба маблағи умумии 900 миллион сомонӣ анҷом дода шуданд.
Бо дарназардошти аҳаммияти нерӯгоҳ дар рушди иқтисодиёти кишвар ва пешгирӣ намудани коҳиши иқтидори он Ҳукумати Тоҷикистон солҳои 2015-2016 дар доираи ҳамкориҳо бо шарикони рушд асосноккунии техникиву иқтисодии лоиҳаи «Таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии Норак”-ро омода намуд ва имрӯз дар остонаи ҷашни Наврӯз татбиқи навбати аввали он, ки арзиши лоиҳавиаш сеюним миллиард сомонӣ (баробар ба 350 миллион доллари амрикоӣ) мебошад, оғоз гардид. Таҷдиди нерӯгоҳи “Норак” дар ду марҳала бо ҷалби қариб 7 миллиард сомонӣ дар муддати 10 сол амалӣ карда мешавад.
Марҳалаи якуми лоиҳа таҷдиди 3 агрегат ва таҷҳизоти ёрирасони онҳо, 6 адад трансформатор ва ҳамзамон бо ин, анҷом додани корҳоро вобаста ба бехатарии сарбанд дар бар мегирад.
Дар марҳалаи дуюми лоиҳа таҷдиди 6 агрегати боқимонда ва таҷҳизоти ёрирасони онҳо дар назар дошта шудааст.
Яъне баъди ба анҷом расидани лоиҳа нерӯгоҳи барқи обии “Норак” куллан нав мегардад ва умри дубора пайдо мекунад.
Мехоҳам махсус зикр намоям, ки дар доираи таҷдиди нерӯгоҳ аз ҷониби ширкати бонуфузи сатҳи байналмилалӣ таҷҳизоту технологияҳои пешрафтатарин ворид ва васлу насб карда мешаванд.
Инчунин, дар раванди амалӣ намудани корҳои таҷдиди нерӯгоҳ ҳазорон нафар мутахассисону коргарон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи корӣ мегарданд.
Бояд гуфт, ки дар натиҷаи татбиқи лоиҳа иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳ аз 3000 то ба 3300 мегаватт зиёд гардида, бо дарназардошти иқтидорҳои аздастрафта дар он 700 мегаватт иқтидори иловагӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.
Дар ин замина таъминоти аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар бо барқ ба таври назаррас беҳтар мегардад, ки ин омил бевосита ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – саноатикунонӣ, афзоиши иқтидори содиротии кишвар ва шуғли аҳолӣ мусоидат менамояд.
Илова бар ин, мавқеи Тоҷикистон ҳамчун кишвари истеҳсолкунандаи нерӯи барқ аз манбаъҳои таҷдидшаванда ва татбиқкунандаи “иқтисоди сабз” дар миқёси сайёра боз ҳам таҳким меёбад.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ба роҳбарияти Бонки Ҷаҳонӣ, аз ҷумла Асосиатсияи Байналмилалии Рушд ва ҳамзамон бо ин, ба Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд, ки нақшаи Ҳукумати Тоҷикистонро дастгирӣ карда, саҳми худро барои оғоз намудани таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии “Норак” гузошта истодаанд, изҳори сипос менамоям.
Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони истиқлолияти давлатӣ ба масъалаи рушди Норак – шаҳри энергетикиву саноатӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, на танҳо тармиму таҷдиди қисматҳои гуногуни нерӯгоҳро амалӣ намуд, балки бунёди даҳҳо муассисаҳои нави иҷтимоиро ба анҷом расонид.
Дар як муддати кӯтоҳ Норак симои худро ба куллӣ тағйир дода, имрӯз ба як шаҳри зебову намунавӣ табдил ёфтааст.
Бунёди муассисаҳои нави иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ, меҳмонхонаву марказҳои муосири хизматрасонӣ ҳусни шаҳрро ба куллӣ тағйир дода, ҳоло Норак ба яке аз мавзеъҳои сайёҳии кишвар табдил ёфтааст.
Ҳамзамон бо ин, даҳҳо коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ бунёд ва садҳо ҷойи иловагии корӣ муҳайё гардидаанд.
Норак, инчунин, дар оянда метавонад бо ду сабаб макони беҳтарини сайёҳӣ гардад.
Аввалан, он аз пойтахти мамлакат чандон дур набуда, ҳоло рафтуомад тавассути шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб ниҳоят мусоиду осон мебошад.
Сониян, Норак ва атрофи он оби мусаффо, боду ҳавои муътадил ва табиати зебо дошта, ҷойи бисёр мувофиқи истироҳату фароғати сокинони мамлакат ва меҳмонону сайёҳони хориҷӣ шуда метавонад.
Итминон дорам, ки роҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳри Норак ҷиҳати бунёди инфрасохтори сайёҳӣ ва марказҳои табобату истироҳат чораҳои иловагӣ андешида, ба ин раванд сармояи мустақим ва соҳибкорони ватаниро ҳарчи бештар ҷалб менамоянд ва шаҳри Норакро ба мавзеи муҳимми сайёҳӣ ва истироҳату фароғати кишвар табдил медиҳанд.
Яке аз ҳадафҳои мо аз эълони солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ маҳз аз он иборат аст, ки бо истифода аз ҳамаи василаву имкониятҳо деҳоти кишварро обод кунем, инфрасохтори иҷтимоиву сайёҳиро тараққӣ диҳем ва бо ҳамин роҳ барои ҳамватанонамон ҷойҳои нави корӣ муҳайё намоем.
Бовар дорам, ки дар муддати се соли оянда деҳоти мо симои худро ба куллӣ тағйир дода, тавассути саъйю кӯшиши соҳибкорони ватанӣ ва мардуми бонангу номуси диёрамон боз ҳам зеботар мегарданд, дорои инфрасохтори муосир мешаванд ва бо ин роҳ мушкилоти зиёди мардум бартараф карда мешаванд.
Ҳамзамон бо ин, барои рушди сайёҳӣ имкони бештар фароҳам омада, дар шаҳру ноҳияҳои дурдасти кишвар, аз ҷумла вилояти Хатлон иншооти наву замонавии сайёҳӣ бунёд шуда, мавзеъҳои таърихиву фарҳангии он ба макони дӯстдоштаи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ табдил меёбанд.
Мардуми тоҷик аз қадим ҳунарманд буда, бо ҳунару касбҳои бобоии худ ифтихор менамоянд.
Дар ин се сол умедворем, ки ҳунарҳои мардумӣ дар кишвар боз ҳам рушд карда, маҳсули меҳнати ҳунармандони мо ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ мегардад.
Яке аз таомулу ойинҳои Наврӯз низ ҳанӯз аз оғози пайдоиши он ободкориву созандагӣ мебошад.
Гузаштагони мо дар рӯзҳои наврӯзӣ бо нияти нек таҳкурсии ободиҳои гуногунро мегузоштанд, майдонҳои киштро васеъ мекарданд ва барои осудагиву фаровонии ҳар як хонадон замина муҳайё месохтанд.
Мо низ бояд ин анъанаи шоистаи наврӯзиро идома бахшида, барои ободиву сарсабзии кишварамон талош намоем ва аз худ барои ояндагон як мулки обод ва кишвари пешрафтаву тараққикардаро ба мерос гузорем.
Бисёр рамзист, ки дар рӯзи дуюми Наврӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи ҷаҳонии обро таҷлил менамояд.
Об низ ба мисли Наврӯз рамзи покизагиву ободӣ, саодату нишот ва идомаи ҳаёт мебошад.
Хушбахтона, Тоҷикистони азизи мо дорои захираҳои бузурги об буда, дар айни замон дар масъалаҳои марбут ба об дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд мақоми кишвари пешбарандаро касб кардааст.
Бо ташаббуси кишвари мо Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон кардааст, ки баъди ду рӯз, яъне 22-юми март соли дуюми даҳсола оғоз меёбад.
Итминон дорам, ки сокинони кишварамон дар доираи чорабиниҳои ин ташаббуси байналмилалӣ ва хусусан, дар рӯзҳои Наврӯз ба хотири истифодаи оқилонаи захираҳои об ва дигар сарватҳои табиӣ, ҳифзи муҳити зист ва ба ин васила ҳаллу фасл намудани мушкилоти вобаста ба об саъю талоши бештар мекунанд.
Бори дигар фарорасии ҷашни мубораку бузурги Наврӯзро ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, кулли тоҷикону форсизабонони ҷаҳон, халқу миллатҳои олам, ки онро таҷлил мекунанд ва ба ҳамаи шумо ҳозирини муҳтарам самимона табрик гуфта, орзумандам, ки бахту саодат ва хайру баракат дар ҳар хонадони кишварамон ва сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҷовидонӣ бошад.
Наврӯзатон фирӯз бод,
Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!