Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, № 791 “Дар бораи Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025” ва ҳамчунин “Лоиҳаи дуюми таъмини шуғлнокии аҳолӣ барои устувории хоҷагии қишлоқ ва идоракунии захираҳои обӣ” бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28 марти соли ҷорӣ Муколамаи дуюми ҳавзавии дарёи Кофарниҳон оид ба идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об баргузор гардид.
Дар чорабинӣ зиёда аз 80 нафар намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, Ҳукумати шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Файзобод, Варзоб, Рудакӣ, Шаҳритуз, Қабодиён, Н.Хисрав, Шаҳринав, шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор ва Турсунзода, намояндагони ҳавзаи дарёҳои Сир, Панҷ, Зарафшон, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ иштирок доштанд.
Дардоираи муколамаи мазкур дар он масоили рафти таъсис додани ташкилотҳои идоракунии ҳавзавӣ, таҳияи нақшаи идоракунии ҳавзаи дарёи Кофарниҳон, талабот ба маълумотҳои зарурӣ ҷиҳати таҳияи нақшаи идоракунӣ, таҳлили фишор ва таъсир ба сифати оби дарёи Кофарниҳон мавриди баррасӣ қарордода шуданд.
Дар интиҳо мушкилот ва масоили ҳалталаби мавҷуда аз ҷониби коршиносон ва иштирокчиён мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷиҳати ҷамъоварии маълутҳои зарурӣ барои таҳияи нақшаи идоракунии ҳавзаи дарёи Кофарниҳон қарори дахлдор қабул гардид.