Санаи 12 апрели соли 2019 ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти корхонаю муассисаҳои соҳаҳои энергетика, захираҳои об ва нафту газ дар семоҳаи якуми соли 2019 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюи соли 2019 баргузор гардид.
Дар он аъзоёни Ҳайати мушовараи Вазорат, сардорони раёсат ва шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои зертобеи Вазорат ва ҳамчунин намояндагони як қатор Вазорату идораҳои кишвар ширкат доштанд.
Дар доираи ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти корхонаю муассисаҳои соҳаҳои энергетика, захираҳои об ва нафту газ дар семоҳаи якуми соли 2019 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюм ва ҳамчунин масоили марбут ба рафти иҷрои дастуру супоришҳои дар паёмашон ба Маҷлиси Олӣ баённамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2017, №147 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019», аз 28 июли соли 2017, №348 «Дар бораи Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар интиҳо ҷаласа вобаста ба сари вақт амалӣ намудани дастуру супориш ва вазифаҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти Вазорат вогузоргардида қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.