Дар даврони истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти электроэнергетика 20 лоиҳаи инвеститсионӣ бо маблағи умумии 2,0 млрд. доллари ИМА амалӣ гардиданд, ки дар рушди соҳа саҳми назаррас гузоштаанд.
Дастовардҳои муҳимтарини соҳаи энергетика дар ин давра ин ба истифода додани иқтидорҳои нави истеҳсоли электроэнергия, ба монанди НБО «Сангтуда-1» (670МВт), «Сангтуда-2» (220МВт,), неругоҳҳои барқи обии хурд (30МВт), сохтмони зеристгоҳҳои барқи 500кВ-и «Душанбе-500», «Суғд-500», насб намудани дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элгазии 500 кВ дар НБО «Норак», хати интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб-Шимол»(бо дарозии 263,8 км), хати интиқоли барқи 500 кВ дар ноҳияҳои тобеи марказ (200км), зеристгоҳҳои барқӣ 220кВ «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Шаҳристан», «Шаҳринав», «Геран-2», «МОИ Дангара», насб намудани дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элгазии 220 кВ дар НБО «Норак» ва «Қайроққум», хатҳои интиқоли барқи 220 кВ «Лолазор-Хатлон» (53,3 км), «Тоҷикистон-Афғонистон» (116км), «Хуҷанд-Айнӣ» (83,2км,) «Қайроққум-Ашт» (74км), «Геран-Румӣ»(78км), «Қайроққум -Суғд» (63,3), «Айнӣ-Рудакӣ» (95 км), «Сангтуда-СЭЗ Дангара» (16 км) и «Шар-Шар-МОИ Дангара» (23 км) ба шумор мераванд.
Ҳамчунин ду лоиҳаи дигар ба монанди қисмати аввал ва дуюми лоиҳаи «Таҷдиди НБО Қайроққум» ва «Бо барқ таъминкунонии Шурои кишоварзии Ромит» дар марҳилаи амалишавӣ, ҷалби сармоя ва эълони тендерҳо қарор доранд. Арзиши умумии лоиҳаҳои мазкур 206,1 млн.доллари ИМА муайян гардида, аз он 43,1млн.доллари ИМА маблағи грантӣ ва 163,0 млн.доллари ИМА маблағҳои қарзӣ мебошанд.