Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
28 марти соли 1973 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст
Соли 1998 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо ихтисоси муҳандиси нерӯгоҳҳои барқӣ, соли 1999 Донишгоҳи давлатии Хоруғ (ғоибона) бо ихтисоси иқтисодчӣ-муҳосиб, соли 2006 дар Донишгоҳи Каролинаи Шимолӣ – Чапел Хилл, ИМА дар самти идоракунӣ ва сиёсати давлатӣ такмили ихтисос намуда, соли 2013 Донишгоҳи Ҳарварди ИМА-ро дар самти идоракунии соҳибкорӣ хатм кардааст.
Забонҳои русӣ ва англисиро озод медонад.
Дар солҳои 2005 – 2010, 2010 – 2015, инчунин аз соли 2020 вакили маҷлиси вакилони халқи ВМКБ, даъвати сеюм, чорум ва шашум мебошад. Бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст. Оиладор ва соҳиби чор фарзанд мебошад
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1995 –1997 Муҳандиси Институти илмӣ- тадқиқотии «Тоҷикгидроэнергопроект»
Солҳои 1997– 2002 Сардори раёсати Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҷилоли Аҳмар дар Тоҷикистон ва Осиёи марказӣ
Солҳои 2002 –2003 Сармутахассиси департаменти сафарбаркунии захираҳои Сардафтари Федератсияи байналмилалии Ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар шаҳри Женеваи Шветсария
Солҳои 2003– 2004 Машваратчии Бонки умумиҷаҳонӣ, шаҳри Душанбе
Солҳои 2004 –2005 Роҳбари бахши маркетинги Барномаи рушди соҳибкорӣ USAID-PRAGMA
05.2006 – 08.2006 Мутахассиси шўъбаи фурўш ва таъминоти Созмони Милали Мутаҳид дар шаҳри Ню – Йорки ИМА
Солҳои 2006– 2007 Роҳбари Ташкилоти Фокуси кўмаки башардӯстона дар Тоҷикистон
Солҳои 2007–2020 Директори генералии ҶСШК «Помир – Энерҷӣ», аз соли 2019 то ноябри соли 2020 роҳбари минтақавии лоиҳаҳои энергетикии Сандуқи рушди иқтисодии Оғохон дар Осиё, солҳои 2012-2014 аъзои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ
Аз 3 ноябри соли 2020 Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон