Захираҳои об

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги оби тозаи нӯшокӣ буда,  захираҳои об барои таъмини рушди устувори иқтисодиёти кишвар нақши муаасир дорад.

Айни замон, захираҳои об дар кишвар манбаи асосии истеҳсоли энергия ба шумор рафта, 95% – и барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешаванд.

Захираҳои обӣ дар соҳаҳои обёришаванда ва истеҳсоли тақрибан 80%-и маҳсулоти кишоварзӣ, таъминоти оби нӯшокӣ ва санитария,  саноат ва моҳипарварӣ,  ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои босифат нақши муҳим дорад, истифода мешавад.

Захираҳои об дар кишвар, ҳамчунин, дар таъмини шуғлнокии аҳолӣ низ саҳмгузор аст. Рушди минбаъдаи соҳаи гдроэнергетика, соҳаҳои обёришавандаи кишоварзӣ  ва саноат ҷойҳои нави кориро ташкил менамоянд. Аз ин номгуй муҳимияти бештарро  соҳаҳои обёришавандаи кишоварзӣ касб менамоянд, зеро қисмати зиёди аҳолии деҳоти кишварро бо шуғл таъмин менамояд.

Дар самти идоракунӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ, Вазорат фаъолияти худро дар самтҳои зерин амалӣ менамояд:

  • татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои обӣ;
  • таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмил додани қонунгузории соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • таҳияи стратегияҳо, барномаҳо, консепсияҳо ва нақшаҳои рушд;
  • танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об;
  • рушди иқтидор;
  • мусоидат ҷиҳати истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об;
  • ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳое, ки дар самтҳои алоқаманд бо идоракунӣ, истифода ва ҳифзи захираҳои обӣ фаъолият менамоянд;
  • назорати давлатӣ ва назорати бехатарии иншооти гидротехникӣ;
  • пешбурди кадастри давлатии об дар бахши истифодаи об;
  • таҳияи лоиҳаҳо ва ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи об;
  • дигар вазифаҳое, ки Низомномаи Вазоратмуқаррар кардааст.

Ҳудуди  Ҷумҳурии Тоҷикистон 90% аз минтақаҳои ташаккулёбандаи маҷрои дарёҳо иборат буда, асоси захираҳои обии кишварро пиряхҳо, дарёҳо, кулҳо, обанборҳо ва обҳои зеризаминӣ ташкил медиҳанд.

Сурати миёнасолонаи маҷрои дарёҳо дар кишвар ба 64 км³, аз ҷумла дар ҳавзаи дарёи Аму ба 62,9 км³ ва ҳавзаи Сирдарё ба 1,1 км³ дар як сол баробар мебошад.  Оби дарёҳои Тоҷикистон 55,4 фоизи ҳаҷми миёнаи солонаи оби ҳавзаи баҳри Аралро ташкил менамоянд.

Боришоти миёнаи солона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан ба 760 мм-ро баробар буда, дар баъзе минтақаҳои ҷанубии кишвар ин шумора то 100 мм ва дар ноҳияҳои баландкуҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то ба 2400 мм тағйирёбанда мебошад.

Пиряхҳо

Масоҳати умумии пиряхҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ  тақрибан 17 ҳазор км2– ро ташкил медиҳад, ки зиёда аз 60 фоизи  онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Шумораи умумии пиряхҳо дар кишвар ба 14509 адад баробар буда, масоҳати ишғолнамудаи онҳо ба 11146 км2  ташкил медиҳад, ки 8 фоизи худуди кишварро дар бар мегирад.

Дар Чумҳурии Тоҷикистон пиряхҳои бузургтарин аз қабили Федченко (651,7км2), Грумм-Гржимайло (143км2), Гармо (114,6 км2) ва даҳҳо пиряхҳои дигар, ки зиёда аз 30 км2-ро фарогиранд  дар нуқтаҳои баландтарини Тоҷикистон Исмоили Сомонӣ (7495м) ва Абу Алӣ ибни Сино (7134м) ҷойгир мебошанд.

Захираи умумии ях дар пиряхҳои кишвар ба 845км3 баробар буда, пиряхҳои хурд бо масоҳати 1км2 танҳо 20 фоизи шумораи умумии пиряхҳои кишварро ташкил менамоянд, вале 85 фоизи ҳаҷми ях дар онҳо мутамарказ гардидааст.

Пиряхҳои бузургтарини Тоҷикистон

Пиряхҳо масоҳат, км2 ҳаҷмипирях, км3
Федченко 651,7 93,6
Грумм-Гржимайло 143 19,84
Гармо 114,6
Виктовского 50,2 6,882
Академияи илмҳо 48,0 5,242
Наливкин 45,2 8,588
Бивачий 37,0 8,05

 Пиряхи Федченко

Пиряхи Федченко яке аз калонтарин пиряхҳои дунё ба шумор рафта, дарозии он 77 км ва бараш аз 1700 то 3100 метрро ташкил медиҳад. Пирях аз нишемангоҳи қуллаи Инқилоб дар нишебии шимолии қатораҳои Язғулом ибтидоъ гирифта, то ба дарозии қатораҳои шарқии Академияи илмҳо идома меёбад. Ғафсии ях дар қисмати мобайнии пирях 1000 метр ва масоҳати умумии яхбандишуда ва барфтудаҳо 992 км2-ро ташкил медиҳанд.

Пиряхи мазкур ба намуди пиряхҳои мураккаби нишемангоҳи куҳӣ шомил гардида, пиряхи мураккаби нишемангоҳии куҳии бузургтарин дар ҷаҳон дониста мешавад. Нуқтаи болоии пирях дар баландии 6280 метр ва қисмати поёнии он дар масоҳати 2900 метр ҷойгир буда, баландии хати барфӣ 4650 метрро ташкил менамояд.

Дарёҳо

Дарёҳо – дороӣ ва хазинаи беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Дар ҳудуди кишвар тақрибан 947 адад дарёҳо ҷорӣ мешаванд, ки дарозии умумии онҳо ба 28500 км баробар мебошад.

Амударё ва Сирдарё дарёҳои калонтарин ва асосии кишвар ба шумор рафта,  ҳавзаи дарёи Аму аз якҷояшавии ҷараёни оби дарёи Панҷ (бо резиши асосии дарёҳои Ғунт ва Бартанг), дарёи Вахш, (ки аз обҳои водии Олой ва Помири шимолӣ ташкил меёбад), дарёи Кофарниҳон, Сурхондарё, (ки аз нишебиҳои қаторакуҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд) ташкил меёбад.

Маҷрои миёнасолонаи дарёҳо дар кишвар 64 км3, аз ҷумла дар ҳавзаи дарёи Аму 62,9 км2 ва дар ҳавзаи дарёи Сир 1,1 км3 –ро ташкил менамояд. Оби дарёҳои Тоҷикистон 54,4 фоизи ҳисоби миёнаи солонаи оби ҳавзаи баҳри Аралро ташкил менамояд.

Амударё

Амударё калонтарин дарёи Осиёи Марказӣ бо масоҳати 199350км2,  дарозии 2294 км ва ҷараёни миёнаи солонаи 78,46 км3 ба шумор меравад. Ба ҳавзаи ин дарё Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон,  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон шомил мебошанд. Ба ҳавзаи Амударё аз дарёҳои Вахш, Панҷ ва Кофарниҳон ҳаҷми зиёди об ворид мегардад, ки 75,5 фоизи ҳаҷми умумии захираи оби ҳавзаи дарёи Амуро ташкил менамояд.

Амударё барои арзи вуҷуд доштани милионҳо мардуми минтақа ва пешбурду рушди соҳаҳои кишоварзӣ, обёрӣ, истеҳсоли нерӯи барқ, саноат, таъминоти оби нушокӣ ва маишӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Сирдарё

Сирдарё дуюмин дарёи калонтарин дар Осиёи Марказӣ бо масоҳати умумии 150100км2 ба шумор рафта, дарозии умумии он аз нуқтаи якҷояшавии  дарёҳои Норин ва Қарадарё 2684 км ва аз  манбаъи дарёи Нарин 3019 км – ташкил медиҳад.

Сирдарё аз шимоли Тоҷикистон бо дарозии 192 км ҷорӣ ва ҳаҷми зиёди оби дар ҳудуди Тоҷикистон ба Сирдарё аз дарёҳои Исфара, Хоҷабоқирғон ва Оқсу ворид гардида, тақрибан 1,1 км3 –ро ташкил менамояд. Қисмати асосии чараёни оби Сирдарё  дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон ташкил ёфта, тақрибан 75 фоизро ташкил менамояд ва тавассути Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ гардида, дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон ба қисмати шимолии баҳри Арал пайваст мегардад.

Кулҳо ва обанборҳо

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1300 кулҳо бо масоҳати умумии 705 км2 арзи вуҷуд доранд. Аксарияти онҳо ҳамчун обанбор ба қайд гирифта шуда, масоҳати сатҳи болои оби онҳо камтар аз 1 км2  буда, 97,5 фоизи шумораи умумии кулҳо ва танҳо 9 фоизи масоҳати умумии онҳоро ташкил медиҳанд.

Шумораи зиёди кулҳои кишвар дар куҳҳои Помир-Олой дар баландии 3500-5000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир гардидаанд. Масоҳати онҳо 80 фоизи масоҳати умумии кулҳои кишварро ташкил медиҳад.

Шумораи кулҳои нишемангоҳ ва пастҳамиҳо дар кишвар дар маҷмуъ 30 ададро бо масоҳати умумии 2,4 км2ташкил медиҳанд. Захираи умумии кулҳои кишвар зиёда аз 46,3 км3 –ро ташкил дода, тақрибан 20 км3 –ии он оби тозаи нӯшокӣ мебошад.

Кули Саррез

Кули Саррез – марвориди қимматбаҳо дар иҳотаи куҳҳои Помир ва мавзеи нотакрори табиати кишвар ба шумор меравад. Кули Саррез 18 феврали соли 1911 дар натиҷаи   заминҷунбии шаддид (9 балл) ва фаромадани ярч ба 2,2 км3 ба саргаҳи дарёи Мурғоб ва пурра нобут гардидани деҳаи Усой ба вуҷуд омадааст. Баландии сарбанди дар саргаҳи дарёи мазкур бавуҷудомада 567 меттро ташкил намуда, баъдан ҳамчун садди Усой машҳур гардидааст. Оби ҳавзаи ташкилгардида худди ҳамон сол лабрез гардида деҳаи Саррезро пурра зери об кард. Дар ҳамин асос кули Саррез ба вуҷуд омада номи деҳаи Саррезро гирифта аст. Масоҳати кули Саррез 55,8 км,  чуқурии он 505 м ва буриши об аз сатҳи баҳр 3263 м ва ҳаҷми он 17 км3-ро ташкил менамояд.

Обанборҳо

Обанборҳо сарчашмаҳои табии захираҳои обӣ ба шумор намераванд, вале онҳо дар идоракунии оқилонаи ҷараёни об дар дарёҳо бо дарназардошти манфиатҳои иқтисодии кишвар нақши муҳим мебозанд. Ин арзиши обанборҳо дар заминаи тағйирёбии иқлим низ бештар зоҳир мегардад.

Ҳамчунин обанборҳо дар пешгирии обхезӣ ва ҳифзи иншооти хоҷагии халқ аз таъсири харобиовари офатҳои табиии бо об алоқаманд, ки дар шароити Осиёи Марказӣ бисёр ба назар мерасанд, нақши арзишманд дорад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 обанбори арзишҳои гуногундошта сохта ба истифода дода шудааст. Аз ҳама калонтарини онҳо обанбори Қайроққум- дар шимол ва обанбори Норак-дар қисмати марказии кишвар ҷойгир мебошанд.

Майдонии умумии обӣ дар ҳама обанборҳои кишвар ба 664 км2, ҳаҷми умумӣ ба 15,344 км3, аз ҷумла манфиатнок 7,63км3, баробар буда, 13 фоизи оби миёнаи солонаи ҳавзаи баҳри Аралро таъмин менамоянд.

Обҳои зеризаминӣ ва обҳои маъданӣ

Обҳои зеризаминии барқароршаванда ба ду қисмат ҷудо мешаванд.

Захираҳои ба таври табиӣ дар куҳҳо ва обанборҳо ҷамъшаванда ва захираҳои оби дар асоси полоиш дар ҳудудҳои обёрӣ  ташаккулёбанда. Ҳаҷми умумии обҳои зеризаминӣ ба 18,7км3 дар як сол баробар буда, дар як сол танҳо 2,8 км2 он истифода мегардад.

Қисмати зиёди обҳои барқароршаванда дар ҳавзаи дарёи Вахш- 4919 млн.м3/сол, Сирдарё- 3579 млн.м3/сол ва Кофарниҳон – 2505 млн.м3/сол ба қайд гирифташудаанд.

Обҳои зеризаминӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати масоҳат ва ҷуқурии уфуқии нобаробар паҳн гардидаанд.  Захираҳои обҳои зеризаминӣ дар вилояти Суғд 25,6 фоизи захираҳои умумии обҳои зеризаминии кишвар ва 45,8 фоизи ҳаҷми истифодашавандаи онро ташкил медиҳанд. Дар вилояти Хатлон 21,8 фоизи ҳаҷми умумӣ ва 25,9 фоизи ҳаҷми истифодашаванда ва дар вилояти мухтори куҳистони Бадахшон 21,4 фоизи ҳаҷми умумӣ ва 1,28 фоизи ҳаҷми умумии обҳои барқароршаванда дар ноҳияҳои тобеи марказ ҷойгир гардидаанд.

Обҳои маъданӣ

Дар ҳудуди кишвар зиёда аз 200 адад манбаъҳои обҳои маъданӣ арзи вуҷуд доранд. Дар минтақаҳо рушди кабати полеозой ва ҷинсҳои магматикӣ 86 баромадгоҳи табиии обҳои карбонӣ ва нитрогенӣ (азотӣ) ба қайд гирифта шудаанд. Наздики 70-тои он дар ҳудуди вилояти мухтори куҳистони Бадахшон ҷойгир мебошад.

Мавзеъҳои маъмуру манфиатбахши он Обигарм ва Хоҷа Обигарм ба шумор мераванд, ки дар каторкуҳҳои Хисор ҷойгир гардидаанд. Дар ин росто обҳои минералии машҳуртарин кишвар  Шоҳамбарӣ, Анзоб, Файзобод, Истаравшан, чашмаҳои табобатӣ ин Хавотоғ, Табошар, Адрасман, Явроз, Қаратоғ, Боботоғ, Гармчашма, Айваҷ, Бахмир, Эплис ва гайраҳо ба шумор мераванд. Дар заминаи баъзе чашмаҳо мавзеъҳои табобатию истироҳатӣ сохта шудаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмуъ тақрибан 100 манбаъҳои  обҳои гарм (геотермелӣ) ошкор гардидаанд, ки дар ҳолатҳои зарӯрӣ, метавонанд, норасоии  сӯзишворӣ ва гармиро дар тавозуни электроэнергетикӣ қисман ҷуброн намоянд.

Обҳои баргарданда

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои релефи мураккаб буда, бо талу теппа ва куҳҳои сарбафалаккашидаи худ бартарӣ дорад. Бо дарназардошти ин ҳаҷми зиёди  партовобҳо ва майдонҳои заҳкашӣ низ дар ҳудуди обёришаванда хоси кишвари мо  мебошад. Технологияи қафомондаи обмонӣ, мавҷудияти заминҳои санглох ба афзоиши ҷараёни бозгарданда мутобиқат менамояд. Ҷараёнҳои бозгарданда дар кишвар ҳаҷми азимро доро буда, ба 3,5-4км3/солона мерасад, ки аз он 3км3/солонаашро обҳои заҳбурҳо ва 0,5 км3/солона партовобҳои маишии коммуналӣ ва саноатӣ ташкил медиҳанд. Қисмати асосии ҷараёни бозгарданда наздики 3 км3/солона боз ба дарёҳо бар мегарданд. Зиёда аз 0,3 км3/солона ва ё 8 фоизи ҳамаи обҳои баргарданда такроран барои обёрӣ истифода бурда мешаванд.