Сарфаҷӯии об яке аз масъалаҳои мубрам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Айни замон дар кишвар корҳо дар самти сарфакорона истифода намудани заҳираҳои об дар соҳаҳои обёрӣ тавассути технологияҳои муосир ва ҳамчунин насб намудани воситаҳои ченаки об дар нуқтаҳои обтақсимкунии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома доранд.
Дар ин раванд як қатор лоиҳаҳо амалӣ гардада истодаанд, аз қабили «Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе», ки дар доираи он зиёда аз 76500 воситаҳои ченаки об дар хонаҳои шаҳрвандони шаҳри Душанбе аллакай насб гардида, корҳо дар ин самт идома доранд.
Ҳамчунин, дар доираи Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқи «Барномаи барқарорсозӣ ва рушди инфрасохтори обтаъминкунӣ дар корхонаҳои саноатӣ ва дар онҳо насб намудани таҷҳизоти ҳисобкунии об ва беҳтар намудани низоми ҳисоби об» дар назар дошта шудааст, ки барои ба танзим даровардани ҳисобкунии оби истифодашуда дар соҳаи саноат мусоидат менамояд.
Дар доираи Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030-и низ ба масъалаҳои таъминоти об тавассути навсозии инфрасохтори об ва баланд бардоштани манфиатнокии он диққати махсус дода шудааст.