Системаи электроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ситемаи ягона фаъолият намуда, дар чор минтақаи кишвар, тибқи ҷойгиршавии ҷуғрофӣ Суғд (Шимол), Хатлон (Ҷануб), шаҳри Душанбе бо ноҳияҳои наздики он ва ноҳияҳои тобеи марказ пайваст аст.
Бахши электроэнергия аз ҷониби ШСХК «Барқи Тоҷик», ки саҳмияҳои он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доранд, идора карда мешавад. Ширкати мазкур неругоҳҳо ва шабакаҳо, истеҳсоли неруи барқ, интиқол ва тақсимоти онро дар кишвар, ба ғайр аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон идора менамояд.
Шурӯъ аз моҳи декабри соли 2002, дар асоси Шартномаи консессионӣ идоракунии шабакаи таъминоти барқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба муҳлати 25 сол аз тавозуни ШСХК «Барқи Тоҷик» ба тавозуни Ширкати хусусии «Помир Энерҷи» гузаронида шуд.
Айни ҳол шабакаи таъминоти барқи ин вилоят берун аз шабакаи муттамаркази Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Ширкати хусусии «Помир Энерҷи» ёздаҳ неругоҳиҳои барқи обии хурдро бо иқтидори умумии 44,16 МВт ва хатҳои интиқоли барки 35/10/0,4 кВ бо дарозии 2609 км идора менамояд.
Иқтидори энергетикии Тоҷикистон 5757 МВт-ро ташкил медиҳад, ки 87,5%-и онро ҳиссаи неругоҳҳои барқи обӣ ташкил медиҳанд. Ҳиссаи Маркази барқу гармидиҳи ҳамагӣ ба 718 МВт, яъне ба 12,4% баробар аст.